https://sputnik.tj/20220407/qazoqiston-tamdid-mahdudiyat-sodirot-mavod-sukht-1047433269.html
Қасди Қазоқистон барои тамдиди маҳдудияти содироти маводи сӯхт аз тариқи автомобил
Қасди Қазоқистон барои тамдиди маҳдудияти содироти маводи сӯхт аз тариқи автомобил
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба дунболи гандуму орд қасд доран содироти маҳсулоти нафтиро боз маҳдуд кунад
2022-04-07T16:00+0500
2022-04-07T16:00+0500
2022-04-07T20:22+0500
қазоқистон
содирот
нафт
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047430591_0:63:1350:822_1920x0_80_0_0_76ede9d0b128d5ee37d71e946da6c162.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Қазоқистон қасд доранд, ки қарори манъи содироти маҳсулоти нафтӣ бо роҳи автомобилгардро тамдид кунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати энергетикаи ин кишвар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз норасоии маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилии Қазоқистон пешниҳод шудааст.Гуфта мешавад, дар ин бора Вазорати энергетикаи Қазоқистон лоиҳаи фармони муштараки вазирони энергетика, молия, корҳои дохилии Қазоқистон ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро таҳия кардааст.Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳа мамнуияти содироти маҳсулоти нафтӣ аз тариқи автомобил ба хориҷ боз шаш моҳи дигар тамдид хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки қаблан, аз 21 ноябри соли 2021 Қазоқистон содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ, инчунин баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ тавассути нақлиёти автомобилиро ба муддати шаш моҳ манъ карда буд. Ин маҳдудият то кунун ба истиснои содирот дар зарфҳои газе, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт пешниҳод шудааст, инчунин дар зарфҳои алоҳида бо хаҷми на бештар аз 20 литр амалӣ мешуд.Маврид ба зикр аст, ки дафтари матбуотии Вазорати энержии Қазоқистон қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар ин кишварро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояааш поинтар хонда буд.Ба гуфтаи ин ниҳод, дар пасманзари нобаробарии нархҳо дар навоҳии наздимарзии ин ҷумҳурӣ, “далелҳои нафтшӯӣ тавассути ҷараёни зиёди нақлиёти транзитӣ ва аз ҷониби сокинони навоҳии ҳамсояи наздимарзӣ мушоҳида мешавад".Ҳамчунин, фарқияти назарраси нархи чаканаи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ боиси эҷоди роҳҳои гуногуни интиқоли маҳсулоти нафтии истеҳсоли Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсоя мегардад.Бо назардошти он ки Қазоқистон яке аз ду кишвари аслии таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, ҳар гуна тағйирот дар бозори сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.
https://sputnik.tj/20220404/qazoqiston-sodirot-ghalla-ord-mahdud-1047332441.html
https://sputnik.tj/20220203/gardish-mol-tojikiston-qazoqiston-rekordi-1045445705.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047430591_150:0:1350:900_1920x0_80_0_0_6b7a40b606bc95b4465400dc55e75368.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон тамдид маҳдудият содирот мавод сӯхт автомобил
қазоқистон тамдид маҳдудият содирот мавод сӯхт автомобил
Қасди Қазоқистон барои тамдиди маҳдудияти содироти маводи сӯхт аз тариқи автомобил
16:00 07.04.2022 (Навсозишуда: 20:22 07.04.2022) Қазоқистон пас аз гандуму орд қасд дорад, содироти маҳсулоти нафтиро низ маҳдуд кунад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Қазоқистон қасд доранд, ки қарори манъи содироти маҳсулоти нафтӣ бо роҳи автомобилгардро тамдид кунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати энергетикаи ин кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз норасоии маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилии Қазоқистон пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин бора Вазорати энергетикаи Қазоқистон лоиҳаи фармони муштараки вазирони энергетика, молия, корҳои дохилии Қазоқистон ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро таҳия кардааст.
Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳа мамнуияти содироти маҳсулоти нафтӣ аз тариқи автомобил ба хориҷ боз шаш моҳи дигар тамдид хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, аз 21 ноябри соли 2021 Қазоқистон содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ, инчунин баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ тавассути нақлиёти автомобилиро ба муддати шаш моҳ манъ карда буд.
Ин маҳдудият то кунун ба истиснои содирот дар зарфҳои газе, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт пешниҳод шудааст, инчунин дар зарфҳои алоҳида бо хаҷми на бештар аз 20 литр амалӣ мешуд.
Маврид ба зикр аст, ки дафтари матбуотии Вазорати энержии Қазоқистон қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар ин кишварро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояааш поинтар хонда буд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар пасманзари нобаробарии нархҳо дар навоҳии наздимарзии ин ҷумҳурӣ, “далелҳои нафтшӯӣ тавассути ҷараёни зиёди нақлиёти транзитӣ ва аз ҷониби сокинони навоҳии ҳамсояи наздимарзӣ мушоҳида мешавад".
Ҳамчунин, фарқияти назарраси нархи чаканаи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ боиси эҷоди роҳҳои гуногуни интиқоли маҳсулоти нафтии истеҳсоли Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсоя мегардад.
Бо назардошти он ки Қазоқистон яке аз ду кишвари аслии таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, ҳар гуна тағйирот дар бозори сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.