https://sputnik.tj/20220404/qazoqiston-sodirot-ghalla-ord-mahdud-1047332441.html
Қасди Қазоқистон ба маҳдудияти содироти ғалла ва орд: он ба Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?
Қасди Қазоқистон ба маҳдудияти содироти ғалла ва орд: он ба Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон тасмим гирифтааст, дар содироти ғалла ва орд маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кунад
2022-04-04T14:40+0500
2022-04-04T14:40+0500
2022-04-04T15:27+0500
қазоқистон
гандум
орд
содирот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/33/1024673384_0:139:3151:1911_1920x0_80_0_0_d95cf6db9fc5c65e043ba36541c1395b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр— Sputnik. Қазоқистон масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои муваққатӣ ба содироти ғалла ва ордро ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ баррасӣ мекунад, гуфт вазири хоҷагии деҳоти ин кишвар Ербол Карашукеев. Вай дар ҳошияи як соати ҳукуматӣ дар парлумони Қазоқистон ба хабарнигорон гуфт, "масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар содироти ғалла ва ҳам содироти орд баррасӣ мешавад". Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба он далел гирифта шудааст, ки тавлидкунандагони маҳаллӣ "хоҳони фурӯши ғалла ба ордкашҳо нестанд"."Федератсияи Русия содироти ғалларо манъ кардааст, мо вазъиятро таҳти назорат дорем. Тавозуни ғаллаи мо то субҳи имрӯз мусбат аст ва мусбат хоҳад буд. Мо барои бозори дохилӣ захираи кофӣ дорем. ... зарфият ҳамоно барои содирот низ боқӣ мемонад. Содиркунандагон намехоҳанд ба бозори дохилӣ фурӯшанд, онҳо интизори болоравии нархи содирот ҳастанд", - гуфт вазир. "Агар нархи биржаро гирем, мебинем, ки ҳама чиз рӯз то рӯз афзоиш меёбад", - гуфт вазири кишоварзӣ. Дар ҳамин ҳол Карашукеев санаи мушаххаси ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро нагуфт.Гуфта мешавад, соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ бетаъсир нахоҳад монд.Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад, ки боқиро ба кишвар ворид мекунад.Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
https://sputnik.tj/20220213/sabuk-voridot-arzoni-ord-suzishvori-noibi-vazir-1045817171.html
https://sputnik.tj/20220323/rusiya-intiqol-shakartojikistonro-mutavaqqif-1047001922.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/33/1024673384_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_f8c5392b891edcbf9a2f34272b008320.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон содирот ғалла орд маҳдуд тоҷикистон
қазоқистон содирот ғалла орд маҳдуд тоҷикистон
Қасди Қазоқистон ба маҳдудияти содироти ғалла ва орд: он ба Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?
14:40 04.04.2022 (Навсозишуда: 15:27 04.04.2022) Қазоқистон тасмим гирифтааст, дар содироти ғалла ва орд маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 4 апр— Sputnik. Қазоқистон масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои муваққатӣ ба содироти ғалла ва ордро ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ баррасӣ мекунад, гуфт вазири хоҷагии деҳоти ин кишвар Ербол Карашукеев.
Вай дар ҳошияи як соати ҳукуматӣ дар парлумони Қазоқистон ба хабарнигорон гуфт, "масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар содироти ғалла ва ҳам содироти орд баррасӣ мешавад".
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба он далел гирифта шудааст, ки тавлидкунандагони маҳаллӣ "хоҳони фурӯши ғалла ба ордкашҳо нестанд".
"Федератсияи Русия содироти ғалларо манъ кардааст, мо вазъиятро таҳти назорат дорем. Тавозуни ғаллаи мо то субҳи имрӯз мусбат аст ва мусбат хоҳад буд. Мо барои бозори дохилӣ захираи кофӣ дорем. ... зарфият ҳамоно барои содирот низ боқӣ мемонад. Содиркунандагон намехоҳанд ба бозори дохилӣ фурӯшанд, онҳо интизори болоравии нархи содирот ҳастанд", - гуфт вазир.
"Агар нархи биржаро гирем, мебинем, ки ҳама чиз рӯз то рӯз афзоиш меёбад", - гуфт вазири кишоварзӣ.
Дар ҳамин ҳол Карашукеев санаи мушаххаси ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро нагуфт.
Гуфта мешавад, соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ бетаъсир нахоҳад монд.
Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад, ки боқиро ба кишвар ворид мекунад.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.