https://sputnik.tj/20220306/harifi-nav-odilov-muayan-1046593116.html
Баъди ақибнишинии Шмеленко ҳарифи нави Одилов муайян шуд
Баъди ақибнишинии Шмеленко ҳарифи нави Одилов муайян шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарифи навбатии Фаридун Одилов дар муҳориба барои ҳифзи камарбанд дақиқ шуд
2022-03-06T20:20+0500
2022-03-06T20:20+0500
2022-03-09T19:15+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
размикор
қувваозмоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832784_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_9a47013beb573365ed857a2d37461482.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ширкати "Eagle" FC, ки роҳбарияшро Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони собиқи UFC ба зимма дорад, зуд барои размикори тоҷик Фаридун Одилов ба ҷойи Шмеленко ҳарифи нав ёфт.Ҳамакнун ҳарифи нави размикори тоҷик варзишкори қазоқ Даврон Ермеков хоҳад буд. Набарди варзишкорон дар назар аст, ки 1 апрел дар вилояти Пенза барпо гардад.Даврон Ермеков, аз размикорони шинохтаи қазоқ буда, қаблан бо Минеев, Гусейнов, Калинин ва Хирамогомедов рақобат кардааст.Ин бор барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо Одилов, ки дорандаи камарбанд аст, рақобат мекунад.Қаблан мебоист ӯ бо Фаридун Одилов Александр Шлеменко, размикори рус рақобат кунад, аммо ахиран ташкилот изҳор дошт, ки ӯ ба далели тадовии ҷароҳаташ вақт надорад ва барои размикори тоҷик ҳарифи нав меҷӯяд.Одилов дар шарҳи ин гуфт, Шлеменко ҷангиндан намехосту барои посухи дақиқ додан вақтро кашол дод ва ҳамин ки рақиби барояш мувофиқро ёфт, аз набард бо ман даст кашид.Моҳи декабри соли 2021 размикори 29-солаи Тоҷикистон Фаридун Одилов бо варзишгари испанӣ Эноко Торрес вохӯрд. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.Терминатори тоҷик дар се дақиқа ғалаба ба даст овард: навори нокаутДар ин мусобиқа Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.Фаридун феълан 12 ғалаба дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.Ҳарифи навбатии ӯ Ермеков бошад, 15 бурд ва 5 бохт дорад.
https://sputnik.tj/20220305/harifi-odilov-az-muboriza-bo-u-dast-kashid-1046574793.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832784_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_167c00ee2f7ef05ae7678ab918c18a68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳарифи нав одилов муаян
Баъди ақибнишинии Шмеленко ҳарифи нави Одилов муайян шуд
20:20 06.03.2022 (Навсозишуда: 19:15 09.03.2022) Ҳарифи навбатии Фаридун Одилов дар муҳориба барои ҳифзи камарбанд дақиқ шуд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ширкати "Eagle" FC, ки роҳбарияшро Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони собиқи UFC ба зимма дорад, зуд барои размикори тоҷик Фаридун Одилов ба ҷойи Шмеленко ҳарифи нав ёфт.
Ҳамакнун ҳарифи нави размикори тоҷик варзишкори қазоқ Даврон Ермеков хоҳад буд. Набарди варзишкорон дар назар аст, ки 1 апрел дар вилояти Пенза барпо гардад.
Даврон Ермеков, аз размикорони шинохтаи қазоқ буда, қаблан бо Минеев, Гусейнов, Калинин ва Хирамогомедов рақобат кардааст.
Ин бор барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо Одилов, ки дорандаи камарбанд аст, рақобат мекунад.
Қаблан мебоист ӯ бо Фаридун Одилов Александр Шлеменко, размикори рус рақобат кунад, аммо ахиран ташкилот изҳор дошт, ки ӯ ба далели тадовии ҷароҳаташ вақт надорад ва барои размикори тоҷик ҳарифи нав меҷӯяд.
Одилов дар шарҳи ин гуфт, Шлеменко ҷангиндан намехосту барои посухи дақиқ додан вақтро кашол дод ва ҳамин ки рақиби барояш мувофиқро ёфт, аз набард бо ман даст кашид.
Моҳи декабри соли 2021 размикори 29-солаи Тоҷикистон Фаридун Одилов бо варзишгари испанӣ Эноко Торрес вохӯрд. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.
Дар ин мусобиқа Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.
Фаридун феълан 12 ғалаба дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.
Ҳарифи навбатии ӯ Ермеков бошад, 15 бурд ва 5 бохт дорад.