Наришкин гуфт, Русия ҷаҳони воқеан бисёрқутбӣ месозад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Русия феълан як ҷаҳони бисёрқутбӣ эҷод мекунад, ки ҳанӯз вуҷуд надошт, гуфт Сергей Наришкин директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия.
Ба гуфтаи ӯ, рақибони Русия аз ин кор баҳра мегиранд.
"Дар ҳол ҳозир дар пеши чашми мо марҳалаи ҷадиде аз таърихи Аврупо ва ҷаҳон шакл мегирад. Моҳият он фурӯпошии ҷаҳони якқутбӣ ва системаи равобити байналмилалии муттакӣ бар нерӯмандтарин кишвар, аз қабили ИМА мебошад, ки дигар кишварҳоро хароб мекунад, то аз фароҳам шудани шароити ҳаддиақалии ҷойгузинии марокизи қудрат пешгирӣ намояд. - навиштааст Наришкин дар мақолае барои маҷаллаи "Мудофиаи миллӣ".
Ба таъкиди вай, Вашингтон талош мекард, ки дар Югославия, Афғонистон, Ироқ, Либия, Сурия гегемонияи худро эълон кунад ва талошҳои Ғарб барои ба мадори нуфузи худ ҷалб кардани Украина низ ба ҳамин ҳадаф буд.
"Имрӯз Русия ба ин система чолишҳои ошкоро мегузорад - вай ҷаҳони воқеан бисёрқутбӣ эҷод мекунад, ки ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт ва аз он дар оянда ҳама, ҳатто рақибони кунунии мо баҳра хоҳанд бурд", - таъкид кард раиси Хадамоти истихбороти хориҷӣ.
Наришкин афзуд, агар ба Аврупо ва Амрико камолот ва ҷасорати ҳаракат дар ин самт намерасад, дигар марказҳои қудрат бояд ояндаи ҷаҳонро бидуни онҳо тарҳрезӣ кунанд.
Председатель Российского исторического общества, директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Наришкин: Украина ҳамроҳ бо Русия ояндаи худро месозад
"Универсализми кӯҳнашудаи либералӣ бояд бо тартиби нави ҷаҳонӣ - одилона ва устувор иваз карда шавад. Он бояд дар он шароит ва дар он шаклҳое ба вуҷуд оварда шавад, ки ҳамзистии давлатҳо ва иттиҳодияҳои минтақавиро дар баробари ҳифзи ҳуқуқи ҳар яки онҳо ба моликияти худ таъмин кунанд. Боварӣ дорам, ки дар ҷараёни ин раванд он қувваҳои солим дар кишварҳои ғарбӣ, ки аз хатарҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ ҳастанд ва танҳо ба ҳифзи худ манфиатдор ҳастанд, ҳарчи бештар фаъолонатар кашида мешаванд”, - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0