https://sputnik.tj/20220325/narishkin-ukraina-rusiya-oyanda-1047066871.html
Наришкин: Украина ҳамроҳ бо Русия ояндаи худро месозад
Наришкин: Украина ҳамроҳ бо Русия ояндаи худро месозад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ки Украина ояндааашро ҳамроҳ бо Русия месозад
2022-03-25T15:10+0500
2022-03-25T15:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
ҳамкорӣ
равобит
сергей наришкин
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032032112_0:0:3079:1733_1920x0_80_0_0_cdb0eb8a04ce954e082398c0f0000daf.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сергей Наришкин, роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, Украина аз ҳалқаи пайравони Бандера ва зулми хориҷӣ озод шуда, ояндаашро ҳароҳ бо Русия месозад.Ба гуфтаи вай, таърихи муштараки мардуми рус ва украинро “бо талоши сахту ҷиддии душманони мо пора-пора кардан ғайриимкон аст”.Наришкин рӯзи ҷумъа дар Маскав дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот гуфт: "Бо вуҷуди бандерасозӣ дар солҳои тӯлонӣ, тарсонидан ва фиреб додани мардум дар Украина ҳанӯз ҳам устодони боистеъдоди адабиёт ҳастанд, ки барои дастгирии адабиёт, нашри китоб ва хониш, дастурҳои дурусти ахлоқиро нигоҳ доштаанд".“Решаҳои фарҳанги бародарони мо аз Украина боқӣ мондаанд, ки онҳо ҳанӯз месабзанд, албатта, месабзанд ва ҳосили фаровон хоҳанд дод, вақте ки Украина аз зулми бурунмарзӣ халос шавад ва бо Русия дӯшодӯш истад. Онҳо бо мо бояд ояндаи воқеан озод созанд”, - таъкид кард Наришкин.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220325/dar-rasonaho-kharitai-ukrainai-nav-paydo-shud-1047057206.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032032112_145:0:2876:2048_1920x0_80_0_0_41c09d6f146317d38854348a2d427a13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, оянда, наришкин, бандера
украина, русия, оянда, наришкин, бандера
Наришкин: Украина ҳамроҳ бо Русия ояндаи худро месозад
15:10 25.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, ки Украина ояндааашро ҳамроҳ бо Русия месозад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сергей Наришкин, роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, Украина аз ҳалқаи пайравони Бандера ва зулми хориҷӣ озод шуда, ояндаашро ҳароҳ бо Русия месозад.
Ба гуфтаи вай, таърихи муштараки мардуми рус ва украинро “бо талоши сахту ҷиддии душманони мо пора-пора кардан ғайриимкон аст”.
Наришкин рӯзи ҷумъа дар Маскав дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот гуфт: "Бо вуҷуди бандерасозӣ дар солҳои тӯлонӣ, тарсонидан ва фиреб додани мардум дар Украина ҳанӯз ҳам устодони боистеъдоди адабиёт ҳастанд, ки барои дастгирии адабиёт, нашри китоб ва хониш, дастурҳои дурусти ахлоқиро нигоҳ доштаанд".
“Решаҳои фарҳанги бародарони мо аз Украина боқӣ мондаанд, ки онҳо ҳанӯз месабзанд, албатта, месабзанд ва ҳосили фаровон хоҳанд дод, вақте ки Украина аз зулми бурунмарзӣ халос шавад ва бо Русия дӯшодӯш истад. Онҳо бо мо бояд ояндаи воқеан озод созанд”, - таъкид кард Наришкин.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.