https://sputnik.tj/20220405/tojikiston-voridot-sodirot-1047374695.html
Дар Тоҷикистон воридоти мол аз содирот ба таври қобили мулоҳиза бештар шудааст
Дар Тоҷикистон воридоти мол аз содирот ба таври қобили мулоҳиза бештар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ бо 90 мамлакати ҷаҳон савдо мекунад, вале воридоти мол аз 80 мамлакат нисбат ба содирот бартарӣ дорад
2022-04-05T19:00+0500
2022-04-05T19:00+0500
2022-04-05T19:44+0500
дар тоҷикистон
содирот
воридот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102338/61/1023386176_0:132:1921:1212_1920x0_80_0_0_a427d7aca239c335eed4486b5a593cbe.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад. Ҳамин тариқ фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё 70,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷумҳурӣ бо 90 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад, вале воридоти коло аз 80 кишвари ҷаҳон нисбат ба содирот бештар аст. Илова бар ин аз 55 давлат кишвар танҳо мол ворид мекунад, бидуни ин ки ба ин ҷамоҳир содироте дошта бошад.Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, тавозуни савдо манфӣ буда, 582,7 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол воридоти мол беш аз 862,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2021 55,7 фоиз ё 303,8 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол содироти маҳсулоти Тоҷикистон 46% коҳиш ёфта, 279,9 миллион долларро ташкил додааст. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 7 кишвари ҷаҳон содироти коло бо фарқияти ночиз нисбат ба воридот бартарӣ дорад. Дар миёни ин кишварҳо Туркия, Белгия ҳастанд, ки ба ин кишварҳо умдатан филизоти қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта содир мешавад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран ҷумҳурӣ додугирифти тиҷорат бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро афзоиш додааст. Дар ду моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 47,1 фоиз афзуд.Ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин давра 602,2 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7 дарсади гардиши молии кишварро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20220328/tojikiston-sodirot-tillo-kohish-1047117264.html
https://sputnik.tj/20220329/tashkil-maktab-sarmoyaguzori-tojikiston-1047179053.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102338/61/1023386176_0:0:1707:1280_1920x0_80_0_0_4d7d6a3b5eaa446cbffa099d7ebb0e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон воридот мол содирот
тоҷикистон воридот мол содирот
Дар Тоҷикистон воридоти мол аз содирот ба таври қобили мулоҳиза бештар шудааст
19:00 05.04.2022 (Навсозишуда: 19:44 05.04.2022) Ҷумҳурӣ бо 90 мамлакати ҷаҳон савдо мекунад, вале воридоти мол аз 80 мамлакат нисбат ба содирот бештар аст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё 70,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷумҳурӣ бо 90 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад, вале воридоти коло аз 80 кишвари ҷаҳон нисбат ба содирот бештар аст.
Илова бар ин аз 55 давлат кишвар танҳо мол ворид мекунад, бидуни ин ки ба ин ҷамоҳир содироте дошта бошад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, тавозуни савдо манфӣ буда, 582,7 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол воридоти мол беш аз 862,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2021 55,7 фоиз ё 303,8 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол содироти маҳсулоти Тоҷикистон 46% коҳиш ёфта, 279,9 миллион долларро ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 7 кишвари ҷаҳон содироти коло бо фарқияти ночиз нисбат ба воридот бартарӣ дорад. Дар миёни ин кишварҳо Туркия, Белгия ҳастанд, ки ба ин кишварҳо умдатан филизоти қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта содир мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран ҷумҳурӣ додугирифти тиҷорат бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро афзоиш додааст. Дар ду моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 47,1 фоиз афзуд.
Ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин давра 602,2 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7 дарсади гардиши молии кишварро ташкил медиҳад.