https://sputnik.tj/20220406/qarori-rustami-emomali-ruzi-poytakht-tajlil-1047391288.html
Қарори Рустами Эмомалӣ: Рӯзи пойтахт бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардад
Қарори Рустами Эмомалӣ: Рӯзи пойтахт бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардад
Sputnik Тоҷикистон
Бо имзои қароре раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур додааст, ки Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардад
2022-04-06T11:05+0500
2022-04-06T11:05+0500
2022-04-06T12:50+0500
дар тоҷикистон
душанбе
рустам эмомалӣ
таҷлил
рӯзи пойтахт
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_aeb08253c4858aa43ee9c5b46efff9fa.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи барномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.“Барномаҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд”, - таъкид кардааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 1 марти соли 2005, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.Ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегардиданд.Ҳамчунин дар ин рӯз озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол”, “Корманди миёнаи тиббии сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол” ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
https://sputnik.tj/20220405/barandagoni-sinamojoizai-millii-toji-somon-elon-1047378657.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_83:0:903:615_1920x0_80_0_0_0cd184130a97ae1129a2c2a9aacc545e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарор, рустам эмомалӣ, рӯзи пойтахти тоҷикистон, шаҳри душанбе
тоҷикистон, қарор, рустам эмомалӣ, рӯзи пойтахти тоҷикистон, шаҳри душанбе
Қарори Рустами Эмомалӣ: Рӯзи пойтахт бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардад
11:05 06.04.2022 (Навсозишуда: 12:50 06.04.2022) Бо имзои қароре раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур додааст, ки Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи барномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
“Барномаҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 1 марти соли 2005, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.
Ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегардиданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол”, “Корманди миёнаи тиббии сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол” ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.