https://sputnik.tj/20220406/kishvar-avrupoi-omodaast-rubl-gaz-rusiya-1047418172.html
Боз як кишвари дигари аврупоӣ омодааст, бо рубл гази Русияро харад
Боз як кишвари дигари аврупоӣ омодааст, бо рубл гази Русияро харад
Sputnik Тоҷикистон
Як кишвари дигари аврупоӣ изҳори омодагӣ кард, ки пешниҳодҳои Маскав дар мавриди қарорҳо дар бахши энержиро мепазирад 06.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-06T22:20+0500
2022-04-06T22:20+0500
2022-04-06T22:20+0500
дар русия
газ
иқтисод
маҷористон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_0:0:3020:1699_1920x0_80_0_0_e7e957c7893e489dde710cad049f6166.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳукумати Маҷористон омодааст, гази Русияро бо рубл бихарад. Дар ин бора нахуствазирин кишвар Виктор Орбан хабар додааст.Қаблан вазири умури хориҷии Маҷористон Петер Сиярто гуфта буд, ки Будапешт дар бораи ҷузъиёти фаннии пардохти манобеи энержӣ бо "Газпром" кор мекунад. Ҳамчунин вазири иқтисоди Словакия Ричард Сулик гуфта буд, ки ин кишвар наметавонад аз гази Русия даст кашад ва дар сурати зарурат омодааст, онро бо рубл харидорӣ намояд.Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанноварӣ ҷорӣ карданд. Дар вокуниш ба ин амалҳо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки пардохтҳои газро бо кишварҳои бегона бо рубл ташкил кунанд. Дар баробари ин Владимир Путин таъкид намуд, ки ҳаҷми таъминот, нархҳо ва принсипҳои нархгузорӣ бетағйир мемонанд.
https://sputnik.tj/20220404/latviya-pardokht-gaz-rusiya-rubl-1047348387.html
маҷористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_258:0:2987:2047_1920x0_80_0_0_01306ad98b8f1c00edf21fbe8ae4c7ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, газ, иқтисод, маҷористон
дар русия, газ, иқтисод, маҷористон
Боз як кишвари дигари аврупоӣ омодааст, бо рубл гази Русияро харад
Як кишвари дигари аврупоӣ изҳори омодагӣ кард, ки пешниҳодҳои Маскав дар мавриди қарорҳо дар бахши энержиро мепазирад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳукумати Маҷористон омодааст, гази Русияро бо рубл бихарад. Дар ин бора нахуствазирин кишвар Виктор Орбан хабар додааст.
"Мо дар пардохт бо рубл мушкиле надорем. Агар русҳо талаб кунанд, ки бо рубл пардохт кунем, мо омодаем, ин корро анҷом диҳем", - афзудаст ӯ.
Қаблан вазири умури хориҷии Маҷористон Петер Сиярто гуфта буд, ки Будапешт дар бораи ҷузъиёти фаннии пардохти манобеи энержӣ бо "Газпром" кор мекунад.
Ҳамчунин вазири иқтисоди Словакия Ричард Сулик гуфта буд, ки ин кишвар наметавонад аз гази Русия даст кашад ва дар сурати зарурат омодааст, онро бо рубл харидорӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанноварӣ ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки пардохтҳои газро бо кишварҳои бегона бо рубл ташкил кунанд.
Дар баробари ин Владимир Путин таъкид намуд, ки ҳаҷми таъминот, нархҳо ва принсипҳои нархгузорӣ бетағйир мемонанд.