https://sputnik.tj/20220406/afzoishi-bemorii-surkhakon-1047419427.html
Афзоиши бемории сурхакон дар миёни кӯдакон дар Афғонистон
Афзоиши бемории сурхакон дар миёни кӯдакон дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони бидуни марз дар Афғонистон аз афзоиши шумори беморони сурхакон дар ин кишвари иброз нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки вилоёти Ҳирот, Кундузу Ҳилманди бештарини мавриди ин бемориро доранд
2022-04-06T22:40+0500
2022-04-06T22:40+0500
2022-04-06T22:40+0500
пизишк
афғонистон
кудак
атфол
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975116_0:0:2912:1639_1920x0_80_0_0_ff2368e2701289c64b78120b1f1c908c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Созмони пизишкони бидуни марз гуфтааст, ки танҳо дар як ҳафтаи гузашта 90 кӯдаки ибтило ба бемории сурхакон дар бахши вижаи шифохонаи вилояти Ҳирот бистарӣ шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ин ниҳод ҳафтаи гузашта аз гушоиши бахши вижа барои дармони беморони сурхакон дар шифохонаи ин вилоят хабар дода гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир ин бахши вижаро ба 60 бистар афзоиш додааст.Доктрони бидуни марз таъкид дорад, ки бо гузашти чанд рӯз тамомии бистарҳои ин бахш пур аз беморони сурхакон шуда ва акнун ҷой барои дигар кӯдакони бемор боқӣ намондааст.Бар асоси маълумоти ин ниҳод, дар як ҳафтаи гузашта вилоёти Ҳилманду Кундуз низ бештарин воқеоти бемории сурхаконро доштаанд.Ин дарҳоле аст, пеш аз ин Созмони Ҷаҳонии Сиҳҳат ҳушдор дода буд, ки бемории сурхакон дар миёни кӯдакони афғонистонӣ рӯ ба афзоиш аст.Бар асоси арқоми ин созмон, дар соли ҷории милодӣ ҳадди ақал 43 ҳазор кӯдаки афғонистонӣ ба бемории сурхакони мубтало шуда, ки аз ин ҷумла 214 кӯдак ҷонҳояшонро аз даст додаанд.Ин созмон афзуда, ки ин беморӣ миёни кӯдакони зери синни 5 сол шуюъ кардааст.Бар бунёди омори Вазорати сиҳҳати оммаи Афғонистон, Кундуз бо як ҳазору 997, Кобул бо ҳазору 696, Ҳилманд бо ҳазору 495 мавриди ибтило ба ин беморӣ бештарин рақами мубталоён ба сурхаконро дар кулли ин кишвар доранд.Масъулони ин вазоратхона мегӯянд, ки онҳо дар ҳоли барномарезӣ барои бештар кардани ваксина дар моҳҳои оянда ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220406/eron-zamin-khashkhosh-kishtzori-kishovarzi-afghoniston-1047397937.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975116_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_b326c40e1f5206b7b29926b732c2e16d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беморӣ сурхакон афғонистон атфол пизишк
беморӣ сурхакон афғонистон атфол пизишк
Афзоиши бемории сурхакон дар миёни кӯдакон дар Афғонистон
Пизишкони бидуни марз дар Афғонистон аз афзоиши шумори беморони сурхакон дар ин кишвари иброз нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки вилоёти Ҳирот, Кундузу Ҳилманди бештарини мавриди ин бемориро доранд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Созмони пизишкони бидуни марз гуфтааст, ки танҳо дар як ҳафтаи гузашта 90 кӯдаки ибтило ба бемории сурхакон дар бахши вижаи шифохонаи вилояти Ҳирот бистарӣ шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин ниҳод ҳафтаи гузашта аз гушоиши бахши вижа барои дармони беморони сурхакон дар шифохонаи ин вилоят хабар дода гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир ин бахши вижаро ба 60 бистар афзоиш додааст.
Доктрони бидуни марз таъкид дорад, ки бо гузашти чанд рӯз тамомии бистарҳои ин бахш пур аз беморони сурхакон шуда ва акнун ҷой барои дигар кӯдакони бемор боқӣ намондааст.
Бар асоси маълумоти ин ниҳод, дар як ҳафтаи гузашта вилоёти Ҳилманду Кундуз низ бештарин воқеоти бемории сурхаконро доштаанд.
Ин дарҳоле аст, пеш аз ин Созмони Ҷаҳонии Сиҳҳат ҳушдор дода буд, ки бемории сурхакон дар миёни кӯдакони афғонистонӣ рӯ ба афзоиш аст.
Бар асоси арқоми ин созмон, дар соли ҷории милодӣ ҳадди ақал 43 ҳазор кӯдаки афғонистонӣ ба бемории сурхакони мубтало шуда, ки аз ин ҷумла 214 кӯдак ҷонҳояшонро аз даст додаанд.
Ин созмон афзуда, ки ин беморӣ миёни кӯдакони зери синни 5 сол шуюъ кардааст.
Бар бунёди омори Вазорати сиҳҳати оммаи Афғонистон, Кундуз бо як ҳазору 997, Кобул бо ҳазору 696, Ҳилманд бо ҳазору 495 мавриди ибтило ба ин беморӣ бештарин рақами мубталоён ба сурхаконро дар кулли ин кишвар доранд.
Масъулони ин вазоратхона мегӯянд, ки онҳо дар ҳоли барномарезӣ барои бештар кардани ваксина дар моҳҳои оянда ҳастанд.