https://sputnik.tj/20220405/zelenskiy-ehtimol-muloqoti-putin-surat-nagirad-1047369646.html
Зеленский: Эҳтимол мулоқоти ман бо Путин сурат нагирад
Зеленский: Эҳтимол мулоқоти ман бо Путин сурат нагирад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Украина гуфтааст, ки “соддатарин мавқеъ” ин аст, ки "биёед, дар бораи чизе ҳарф назанем", аммо гуфтугӯ кардан лозим аст
2022-04-05T16:55+0500
2022-04-05T16:55+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
музокирот
путин
владимир путин
владимир зеленский
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045122253_0:0:3217:1810_1920x0_80_0_0_2419b0430008a7a5135b662f3ade4b62.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина эҳтимоли мулоқот бо Владимир Путин, роҳбари Русияро зери суол бурд, иттилоъ додааст РИА “Новости”Манбаъ иттилоъ додааст, вай изҳороти худро дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии Украина, ки дар доираи телемарафони миллӣ пахш мешаванд, баён кардааст.“Ба фикрам, дар маҷмуъ воқеа дар Буча фоҷиаи бузург аст. Бояд худро ба даст гирифту якҷоя кор кард. Ман дигар роҳе надорам. Эҳтимол дорад, ягон мулоқоте ҳам баргузор нашавад. Шояд он ташкил нашавад”, - гуфт Зеленский дар посух ба суоли рӯзноманигорон.Ба гуфтаи кишвардори Украина, идомаи музокирот бо Русия пас аз ҳодисаи Буча барои Украина мушкил хоҳад буд, аммо дидор бояд анҷом дода шавад."Гуфтан осон хоҳад буд:" Биёед, дар бораи ҳеҷ чиз суҳбат накунем. Ин осонтарин мавқеъ аст. Аз ҳама мушкил он аст, ки чи коре буд, онҳо карданд, аз як тараф онҳоро душман мегӯем ва аз тарфи дигар фурсат барои вохӯрӣ меҷӯем, то дар ин дидор роҳи ҳаллро пайдо кунем ва боз минтақаҳои кишвари худро аз даст надиҳем. Шумо бояд барои худ бояд чунин як сатҳро муқаррар намоед. Боқӣ, таваккалаш ба Худо”, - гуфт Зеленский.Зеленский борҳо ҳам пеш аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ва ҳам баъд аз он омодагии худро барои музокираи шахсӣ бо Путин изҳор карда буд.Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки Владимир Путин мулоқотро бо ҳамтои украиниаш рад накардааст, аммо то музокироти онҳо бояд "санади хаттии мушаххас" омода шавад.
https://sputnik.tj/20220405/medvedev-ighvo-bucha-tablighoti-durugh-ukraina--1047365973.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045122253_262:0:2991:2047_1920x0_80_0_0_72d849ff7ef01bcf6b589515b4456d5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, путин, зеленский, мулоқот, музокирот, дидор
украина, русия, путин, зеленский, мулоқот, музокирот, дидор
Зеленский: Эҳтимол мулоқоти ман бо Путин сурат нагирад
16:55 05.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Раисҷумҳури Украина гуфтааст, ки “соддатарин мавқеъ” ин аст, ки "биёед, дар бораи чизе ҳарф назанем", аммо гуфтугӯ кардан лозим аст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина эҳтимоли мулоқот бо Владимир Путин, роҳбари Русияро зери суол бурд, иттилоъ додааст РИА “Новости”
Манбаъ иттилоъ додааст, вай изҳороти худро дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии Украина, ки дар доираи телемарафони миллӣ пахш мешаванд, баён кардааст.
“Ба фикрам, дар маҷмуъ воқеа дар Буча фоҷиаи бузург аст. Бояд худро ба даст гирифту якҷоя кор кард. Ман дигар роҳе надорам. Эҳтимол дорад, ягон мулоқоте ҳам баргузор нашавад. Шояд он ташкил нашавад”, - гуфт Зеленский дар посух ба суоли рӯзноманигорон.
Ба гуфтаи кишвардори Украина, идомаи музокирот бо Русия пас аз ҳодисаи Буча барои Украина мушкил хоҳад буд, аммо дидор бояд анҷом дода шавад.
"Гуфтан осон хоҳад буд:" Биёед, дар бораи ҳеҷ чиз суҳбат накунем. Ин осонтарин мавқеъ аст. Аз ҳама мушкил он аст, ки чи коре буд, онҳо карданд, аз як тараф онҳоро душман мегӯем ва аз тарфи дигар фурсат барои вохӯрӣ меҷӯем, то дар ин дидор роҳи ҳаллро пайдо кунем ва боз минтақаҳои кишвари худро аз даст надиҳем. Шумо бояд барои худ бояд чунин як сатҳро муқаррар намоед. Боқӣ, таваккалаш ба Худо”, - гуфт Зеленский.
Зеленский борҳо ҳам пеш аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ва ҳам баъд аз он омодагии худро барои музокираи шахсӣ бо Путин изҳор карда буд.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки Владимир Путин мулоқотро бо ҳамтои украиниаш рад накардааст, аммо то музокироти онҳо бояд "санади хаттии мушаххас" омода шавад.