Тоҷикистон содироти тилоро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкЗолотые слитки, архивное фото
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Кишвар натавонист коҳиши рекордии фурӯши филизи баҳодорро, ки дар давраи пандемия сабт шуда буд, такрор кунад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2022 содироти филизоти қиматбаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 хеле коҳиш ёфтааст.
Тибқи омор, фурӯши тило 7,6 баробар кам шудааст.
Даромад аз фурӯши сангҳои баҳодор дар моҳҳои январ ва феврал 46 миллион долларро ташкил дод, ки ҳамагӣ 13%-и нишондиҳандаи ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 аст. Дар ду моҳи аввал соли қаблӣ кишвар тавонистанд 353 миллион доллар аз ин роҳ ба даст орад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 18 корхонаи истихроҷи тило фаъолият мекунад ва истеҳсоли филизоти қиматбаҳо сол то сол афзоиш меёбад.
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Ганҷинаҳои миллат: захираи тилои давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди ақал расидааст
Дар ҳамин ҳол вазорат ба далели махфӣ будани маълумот дар бораи истихроҷи маъдан маълумот дар бораи ҳаҷми воқеии истихроҷи тилоро расонаӣ намекунад.
Корхонаи асосии тилои Тоҷикистон корхонаи муштарак бо Чин - "Зарафшон" мебошад, ки ҳудуди 70%-и ҳаҷми умумии ашёи хоми истихроҷшударо муталлиқ ба фаъолияти он аст.
Тибқи омор, дар соли 2021 фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба хазинаи кишвар қариб 900 миллион доллар ё 42 фоизи ҳаҷми умумии содироти кишварро ворид карда, дар қиболи соли 2020 афзоиш 30-фоизиро ташкил дода буд.
Бонки миллӣ дар бораи захоири арзу тилояш маълумот дод
Қаблан Шӯрои ҷаҳонии тило маълумотеро нашр карда буд, ки тибқи он, дар солҳои 2020-2021 ҳаҷми захоири давлатии тило дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ захираи тилои ҷумҳурӣ аз 22,3 тоннаи соли 2019 дар охири соли 2021 ба 8 тонна коҳиш ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар ҳаҷми захираҳои тилои тасдиқшуда дар конҳои кишварро ҳудуди 500 тонна арзёбӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0