https://sputnik.tj/20220405/rusiya-ighvogari-kiev-1047365054.html
Вазорати дифои Русия макони иғвогариҳои нави хунини мақомоти Киевро ном бурд
Вазорати дифои Русия макони иғвогариҳои нави хунини мақомоти Киевро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти интизомии Русия, аз эҷоди қалбакиҳои нав барои бадном кардани артиши Русия ба мисли иғвогарии Буча ҳушдор дод
2022-04-05T15:00+0500
2022-04-05T15:00+0500
2022-04-05T16:58+0500
қувваҳои мусаллаҳ
артиш
вазорати дифоъи тоҷикистон
иғво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/03/1047319906_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_30e358ec020ce132e0ffd6f0f04dbba0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар рустои Мошуни вилояти Киев низомиёни украинӣ бо ҳадафи муттаҳам кардани артиши Русия болои мардуми осоишта боз як тирандозии саҳнавӣ анҷом медиҳанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. "Тибқи маълумоти тасдиқшуда, шоми 4 апрел дар деҳаи Мошун, 23-километрии шимолу ғарби Киев низомиёни маркази амалиёти равонии 72-юми Украина боз як саҳнасозӣ аз шаҳрвандони осоиштаро, ки гӯё бар асари амалҳои хушунатомези нерӯҳои мусаллаҳи Русия кушта шудаанд, анҷом доданд", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи Конашенков, чунин чорабиниҳо дар Конотоп, Сума ва дигар шаҳракҳо низ баргузор шуданд. Чун иғвои хунини Буча ин видеоҳо мебоист тавассути расонаҳои ғарбӣ ва маҳаллӣ паҳн мешуданд, то амали низомиёни русро бадном кунанд. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои ахир расонаҳои украинӣ ва ғарбӣ видеоҳои сокинони кушташудаи рустои Бучаро нашр карданд, ки ҷасадҳояшон дар кӯчаву шоҳроҳҳо гузошта шудааст. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, омилони ин куштори ваҳшиёна артиши Русия будаанд, аммо Вазорати дифои Русия ин гуфтаҳоро иғвои режими Киев номид. Раёсат қайд кард, ки дар замони таҳти назорати артиши Русия қарор доштани ин шаҳрак ягон сокини Буча осеб надидааст. Нерӯҳои Русия 30 март - як рӯз баъд аз музокироти намояндагони Маскаву Киев дар Истанбул шаҳрро тарк карданд. Ба дунболи онҳо Анатолий Федорук, шаҳрдори Буча аз озод шудани шаҳр хабар дод, аммо дар бораи қурбониён ва ҷасадҳо дар кӯчаҳо чизе нагуфт. Суханони Катерина Украинтсева, вакили маҷлиси шаҳрӣ низ ҳаминро тасдиқ мекунад, ки хабар дод, нерӯҳои Русия дар ҳузури ӯ мардумро накуштаанд. Коршинос тавзеҳ дод, ки дар Буча ҳақиқатан чӣ гузашт - видеоИлова бар ин бадани одамоне, ки дар акс ва видео акс дида мешуданд, пас аз ҳадди аққал 4 рӯз сахт нашудаанд, доғ надоранд ва дар захмҳо хуни тоза ба назар мерасад. Боз як ҷузъиёт таваҷҷуҳи телеграмии "Ҷанг бо фейкҳо"-ро ба худ ҷалб кард. Бархе аз мурдагон дар дастҳояшон бандҳои сафед доранд - артиши Русия онҳоро барои шиносоии ҳамсафони худ истифода мебарад.
https://sputnik.tj/20220405/nebenzya-dalel-bucha-sokhtakori-1047359505.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/03/1047319906_46:0:2777:2048_1920x0_80_0_0_b3274b8d8636a821f77ac067fee5e017.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иғво, украина, буча, русия
иғво, украина, буча, русия
Вазорати дифои Русия макони иғвогариҳои нави хунини мақомоти Киевро ном бурд
15:00 05.04.2022 (Навсозишуда: 16:58 05.04.2022) Мақомоти интизомии Русия аз саҳнасозиҳои нав ба мисли иғвогарии Буча барои бадном кардани артиши ин кишвар ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар рустои Мошуни вилояти Киев низомиёни украинӣ бо ҳадафи муттаҳам кардани артиши Русия болои мардуми осоишта боз як тирандозии саҳнавӣ анҷом медиҳанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
"Тибқи маълумоти тасдиқшуда, шоми 4 апрел дар деҳаи Мошун, 23-километрии шимолу ғарби Киев низомиёни маркази амалиёти равонии 72-юми Украина боз як саҳнасозӣ аз шаҳрвандони осоиштаро, ки гӯё бар асари амалҳои хушунатомези нерӯҳои мусаллаҳи Русия кушта шудаанд, анҷом доданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Конашенков, чунин чорабиниҳо дар Конотоп, Сума ва дигар шаҳракҳо низ баргузор шуданд. Чун иғвои хунини Буча ин видеоҳо мебоист тавассути расонаҳои ғарбӣ ва маҳаллӣ паҳн мешуданд, то амали низомиёни русро бадном кунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои ахир расонаҳои украинӣ ва ғарбӣ видеоҳои сокинони кушташудаи рустои Бучаро нашр карданд, ки ҷасадҳояшон дар кӯчаву шоҳроҳҳо гузошта шудааст.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, омилони ин куштори ваҳшиёна артиши Русия будаанд, аммо Вазорати дифои Русия ин гуфтаҳоро иғвои режими Киев номид.
Раёсат қайд кард, ки дар замони таҳти назорати артиши Русия қарор доштани ин шаҳрак ягон сокини Буча осеб надидааст.
Нерӯҳои Русия 30 март - як рӯз баъд аз музокироти намояндагони Маскаву Киев дар Истанбул шаҳрро тарк карданд.
Ба дунболи онҳо Анатолий Федорук, шаҳрдори Буча аз озод шудани шаҳр хабар дод, аммо дар бораи қурбониён ва ҷасадҳо дар кӯчаҳо чизе нагуфт. Суханони Катерина Украинтсева, вакили маҷлиси шаҳрӣ низ ҳаминро тасдиқ мекунад, ки хабар дод, нерӯҳои Русия дар ҳузури ӯ мардумро накуштаанд.
Илова бар ин бадани одамоне, ки дар акс ва видео акс дида мешуданд, пас аз ҳадди аққал 4 рӯз сахт нашудаанд, доғ надоранд ва дар захмҳо хуни тоза ба назар мерасад.
Боз як ҷузъиёт таваҷҷуҳи телеграмии "Ҷанг бо фейкҳо"-ро ба худ ҷалб кард. Бархе аз мурдагон дар дастҳояшон бандҳои сафед доранд - артиши Русия онҳоро барои шиносоии ҳамсафони худ истифода мебарад.