Талабот зиёд шуд. Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкВ салоне автомобиля, архивное фото
В салоне автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аллакай ба маблағи беш аз 78,3 миллион доллар мошин ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта ба маротиб бештар аст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2022 ба маблағи беш аз 78,3 миллион доллар худрав ворид кардааст, менависад "Авеста".
Ҳамин тариқ, ҳаҷми воридот аз аввали соли ҷорӣ нисбат ба соли 2021 1,6 маротиба бештар аст.
Ба иттилои манбаъ, соли 2021 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 381,5 миллион доллар воситаҳои нақлиёт ворид шудааст, вале фурӯши онҳо дар бозори кишвар 70,1 миллион долларро ташкил додааст.
Дар мавриди афзоиши воридот гуфта мешавад, дар соли 2021 беш аз 559 ҳазор адад мошин ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 1,7 маротиба зиёд аст.
Электромобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард
Ширкатҳои хусусӣ аксари вақт мошинҳоро ба кишвар ворид мекунанд, то паркҳои нақлиётиро нав кунанд. Мошинҳои сабукрав бештар аз Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ва мошинҳои боркаши вазнин аз Чин ворид карда мешаванд.
Тоҷирони мошин дар Тоҷикистон афзоиши воридоти мошинҳоро ба эҳёи талаботи он дар бозори дохилӣ марбут медонанд.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки Тоҷикистон тасмим дорад, воридоти мошинҳои барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кунад.
Бар асоси ин тағйирот, воридоти мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба онҳо ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Тадбирҳо ба истифодаи самараноки иқтисоди “сабз”, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологӣ иртибот доранд.
Лентаи хабарҳо
0