https://sputnik.tj/20220405/kreml-begharaz-taftishot-ighvo-bucha-shubha-1047371815.html
Кремл ба беғаразии тафтишоти иғвогарӣ дар Буча шубҳа дорад
Кремл ба беғаразии тафтишоти иғвогарӣ дар Буча шубҳа дорад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Кремл мегӯяд, ба тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи иғвогарӣ дар Буча бовар надоранд
2022-04-05T17:40+0500
2022-04-05T17:40+0500
2022-04-05T19:28+0500
дар русия
украина
кремл
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/03/1047319906_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_30e358ec020ce132e0ffd6f0f04dbba0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кремл ба имкони баргузории тафтишоти беғаразонаи байналмилалӣ дар Буча ҳоло шубҳа дорад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков. Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеоеро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва дар он дида мешавад, ки ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасад"-ҳо дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.Вазорати дифои Русия ин видео аксҳоро иғво номида, таъкид кард, дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.
https://sputnik.tj/20220405/medvedev-ighvo-bucha-tablighoti-durugh-ukraina--1047365973.html
украина
кремл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/03/1047319906_46:0:2777:2048_1920x0_80_0_0_b3274b8d8636a821f77ac067fee5e017.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл буча русия украина
Кремл ба беғаразии тафтишоти иғвогарӣ дар Буча шубҳа дорад
17:40 05.04.2022 (Навсозишуда: 19:28 05.04.2022) Сухангӯи Кремл мегӯяд, ба тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи иғвогарӣ дар Буча бовар надоранд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кремл ба имкони баргузории тафтишоти беғаразонаи байналмилалӣ дар Буча ҳоло шубҳа дорад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
"Мо бояд дар бораи он фикр кунем, ки то чӣ андоза тафтишоти воқеии беғаразона имконпазир аст. Бетараф ва беғаразона", - таъкид намуд Песков.
Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеоеро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва дар он дида мешавад, ки ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасад"-ҳо дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.
Вазорати дифои Русия ин видео аксҳоро иғво номида, таъкид кард, дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.
Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.