https://sputnik.tj/20220405/dalel-gunahkor-rusiya-havodis-bucha-nest-ima-sssr-1047371581.html
Ягон далели гунаҳкор будани Русия дар ҳаводиси Буча нест, мегӯяд сафири ИМА дар ИҶШС
Ягон далели гунаҳкор будани Русия дар ҳаводиси Буча нест, мегӯяд сафири ИМА дар ИҶШС
Sputnik Тоҷикистон
Аз Русия, ки як неруи ҳастаии муодили Иёлоти Муттаҳида аст, тарошидани як давлати қаллоб бешубҳа ба манфиати Ғарб нест
2022-04-05T18:00+0500
2022-04-05T18:00+0500
2022-04-05T19:34+0500
дар русия
украина
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047372551_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ae8c5785129bdcd39c996c578f9cf229.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҷек Мэтлок, ки сафири ИМА дар ИҶШС буд, дурустии изҳороти ҷониби Украина дар бораи куштори мардуми осоишта дар шаҳри Бучаро зери шубҳа гузошт. Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки барои воқеаҳои Буча гунаҳкор кардани Москва ягон далеле нест.Ҷек Мэтлок қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки маҳз дар Буча чӣ рух додааст."Гап дар он аст, ки украинҳо бояд бо Русия созиш кунанд, то Қримро, ки аксарияти аҳолии он русҳоянд ва пойгоҳи баҳрии онҳо ҷойгир аст, бо Маскав бимонад. Зеро аз Русия, як нерӯи ҳастаии муодили Иёлоти Муттаҳида тарошидани як давлати қаллоб, бешубҳа, ба манфиати мо нест”, - гуфт ин дипломат дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CNN.Қаблан Киев аксу видеоҳоеро нашр карда буд, ки гӯё ҷиноятҳои низомиёни рус дар шаҳри Бучаи вилояти Киевро нишон медиҳанд. Вазорати дифои Русия ин маълумотро як иғвои навбатии Киев номид. Ин ниҳод қайд кард, тайи замоне ки ин шаҳрак таҳти назорати низомиёни Русия буд, нисбати ягон сокини маҳаллӣ хушунат сурат нагирифтааст. Вазорат гуфт, ки тамоми воҳидҳои Русия рӯзи 30 март ин шаҳрро тарк карданд. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи душанбе гуфт, Русия ҳама гуна иттиҳомоти даст доштан дар марги сокинони Бучаро комилан рад ва аз раҳбарони байналмилалӣ талаб мекунад, ки ба иттиҳомоти густурда алайҳи Русия шитоб накунанд, балки ба далелҳои Маскав гӯш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дипломатҳои Русия мавзуи иғво дар Бучаро дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ хоҳанд кард.
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047372551_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_48bbc057650bcf61ef248b10e7310dad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия ҳаводис буча има ссср
русия ҳаводис буча има ссср
Ягон далели гунаҳкор будани Русия дар ҳаводиси Буча нест, мегӯяд сафири ИМА дар ИҶШС
18:00 05.04.2022 (Навсозишуда: 19:34 05.04.2022) Аз Русия, ки як нерӯи ҳастаии муодили Иёлоти Муттаҳида аст, тарошидани як давлати қаллоб, бешубҳа, ба манфиати Ғарб нест
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҷек Мэтлок, ки сафири ИМА дар ИҶШС буд, дурустии изҳороти ҷониби Украина дар бораи куштори мардуми осоишта дар шаҳри Бучаро зери шубҳа гузошт.
Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки барои воқеаҳои Буча гунаҳкор кардани Москва ягон далеле нест.
Ҷек Мэтлок қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки маҳз дар Буча чӣ рух додааст.
"Гап дар он аст, ки украинҳо бояд бо Русия созиш кунанд, то Қримро, ки аксарияти аҳолии он русҳоянд ва пойгоҳи баҳрии онҳо ҷойгир аст, бо Маскав бимонад. Зеро аз Русия, як нерӯи ҳастаии муодили Иёлоти Муттаҳида тарошидани як давлати қаллоб, бешубҳа, ба манфиати мо нест”, - гуфт ин дипломат дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CNN.
Қаблан Киев аксу видеоҳоеро нашр карда буд, ки гӯё ҷиноятҳои низомиёни рус дар шаҳри Бучаи вилояти Киевро нишон медиҳанд.
Вазорати дифои Русия ин маълумотро як иғвои навбатии Киев номид. Ин ниҳод қайд кард, тайи замоне ки ин шаҳрак таҳти назорати низомиёни Русия буд, нисбати ягон сокини маҳаллӣ хушунат сурат нагирифтааст. Вазорат гуфт, ки тамоми воҳидҳои Русия рӯзи 30 март ин шаҳрро тарк карданд.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи душанбе гуфт, Русия ҳама гуна иттиҳомоти даст доштан дар марги сокинони Бучаро комилан рад ва аз раҳбарони байналмилалӣ талаб мекунад, ки ба иттиҳомоти густурда алайҳи Русия шитоб накунанд, балки ба далелҳои Маскав гӯш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дипломатҳои Русия мавзуи иғво дар Бучаро дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ хоҳанд кард.