https://sputnik.tj/20220405/bonki-miili-tashkiloti-faolyati-qat-tamvil-ijozat-1047382202.html
Бонки миллӣ ташкилоти фаъоляти “Бунёд-М”-ро қатъ карду “Тамвил”-ро иҷозат дод
Бонки миллӣ ташкилоти фаъоляти “Бунёд-М”-ро қатъ карду “Тамвил”-ро иҷозат дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки ташкилоти амонатии қарзии хурди “Бунёд-М” ба таври иҷборӣ фаъолияти худро қатъ кард
2022-04-05T22:20+0500
2022-04-05T22:20+0500
2022-04-05T22:20+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
барҳамдиҳӣ
молия
иқтисод
иҷозатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, раёсати Бонк барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул кардааст.“Бинобар аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “Бунёд-М” риоя нагардидани расмиёти тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ, аз ҷониби Раёсати БМТ барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул карда шуд”, - хабар додааст манбаъ.Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки раёсати бонк иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй” барои панҷ сол тамдид кард.“Дар асоси Қавонини Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд”, - қайд кардааст БМТ.Инчунин манбаъ илова кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 3 апрели соли 2019 аз эътибор соқит дониста мешавад.Тибқи иттилои манбаъ, Раёсати бонк Идораи низоми пардохт вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
https://sputnik.tj/20220320/bonki-jahoni-monei-rushdi-tijorati-elektroni-tojikiston-1046938124.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, фаълият, барҳамдиҳӣ, иҷозатнома, ташкилоти қарзӣ
тоҷикистон, бонки миллӣ, фаълият, барҳамдиҳӣ, иҷозатнома, ташкилоти қарзӣ
Бонки миллӣ ташкилоти фаъоляти “Бунёд-М”-ро қатъ карду “Тамвил”-ро иҷозат дод
Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки фаъолияти ташкилоти амонатии қарзии хурди “Бунёд-М”-ро ба иҷбор қатъ кардааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, раёсати Бонк барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул кардааст.
“Бинобар аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “Бунёд-М” риоя нагардидани расмиёти тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ, аз ҷониби Раёсати БМТ барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул карда шуд”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки раёсати бонк иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй” барои панҷ сол тамдид кард.
“Дар асоси Қавонини Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд”, - қайд кардааст БМТ.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 3 апрели соли 2019 аз эътибор соқит дониста мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, Раёсати бонк Идораи низоми пардохт вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.