"Bloomberg": Русия дар ҷанги таҳримӣ ИМА ва Аврупоро нобуд кард

© Sputnik / Максим БлиновРубль и доллары
Рубль и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб ба ҳадаф нарасиданд: ИМА ва ИА иқтисоди Русияро шикаста натавонистанд, зеро ин кишвар ҳамчунон тавассути шарикони хориҷӣ ҳимоят мешавад
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Русия дар ҷанги таҳримӣ алайҳи ИМА ва Аврупо пирӯз шуд. Дар ин бора "Bloomberg" менависад.
Нашрия қайд мекунад, ки маҳдудиятҳои миқёсан калоне, ки Ғарб ҷорӣ карда буд, иқтисодиёти мамлакатро шикаста натавонист. Баъзе шарикони асосии тиҷорӣ ҳамчунон Маскавро бо пул таъмин карда, аз манъи содироти нерӯи барқ ​​канорагирӣ мекунанд.
Муаллифони матлаби "Bloomberg" қайд кардаанд, онҳо хуб дарк мекунанд, ки чунин чораҳо барои иқтисодиёти онҳо заруранд.
Вид на Кремль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Пешгӯии фоидаи бесобиқаи Русия дар шароити таҳримҳо
Бо вуҷуди таҳримҳо Русия дар соли 2022 аз содироти сӯзишворӣ беш аз 320 миллиард доллар фоида ба даст меорад. Коршиносон мегӯянд, ки ин сеяк баробар бештар аз даромади соли 2021 аст.
Поин рафтанаи қурби пули русӣ ва гаронии доллар ба манфиати Маскав хоҳад буд. "Bloomberg" таъкид мекунад, ки Федератсияи Русия барои буҷаи худ тақрибан 8,5 триллион рубл ба даст меорад.
Илова бар ин амалиёти ҷорӣ ба Русия ба таври рекорди 240 миллиард доллар илова мекунад. Чунин маблағ барои қонеъ гардондани талаботи дохилӣ ба асъор кифоя аст ва ба Маскав имконият медиҳад, ки назоратро аз болои сармоят суст кунад.
Қаблан Михаил Попов, муовини дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди изҳороти баланд ва тела додани Аврупо ба таҳримҳо интиқоли маводи сӯхт аз Русияро афзоиш додааст.
Ёдовар мешавем, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молия, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Северный поток-2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Коршиноси олмонӣ: Нархи газ Русияро "тилоӣ" мекунад
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ ва ба дунболи ин як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид намуд.
Ҳамчунин бисёре аз брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани матолибро тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" манъ кард, ки видеохостинги "YouTube" низ онҳоро масдуд кард. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд ва вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ маҳдуд кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0