ВАО: Кишварҳои бузурги Аврупо наметавонанд аз гази Русия даст кашанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкГазодобывающее предприятие компании «Укргаздобыча» во Львовской области
Газодобывающее предприятие компании «Укргаздобыча» во Львовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Коршиноси масоили энержии турк андешаи худро дар бораи дурнамои кишварҳои аврупоӣ дар робита ба даст кашидан аз гази Русия ба далели тағйири низоми ҳисоббаробаркунӣ ироа кард
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кишварҳои бузурги аврупоӣ дар мисоли Литва наметавонанд аз воридоти гази Русия даст кашанд. Дар ин бора дар суҳбат бо рӯзномаи туркии "Yeni Shafak" роҳбари Маркази омӯзиши стратегия ва сиёсати энержии Туркия Оғужан Акйенер изҳори назар кардааст.

"Истифодаи солонаи газ дар Литва ҳудуди 2 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ қадами онҳо [дасткашӣ аз воридоти гази Русия] ҳеҷ мушкили ҷиддиро ба бор нахоҳад овард. Аммо имконнопазир аст, ки кишварҳои бузурге чун Олмон чунин иқдом кунанд," - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, "дигар кишварҳои таъминкунанда наметавонанд мисли Русия пардохтҳои манобеи энержиро ба пули миллӣ табдил диҳанд".
Маскав дар масъалаи тағйир додани асъори ҳисоббаробаркунӣ аз мавқеи қавӣ амал мекунад, зеро Аврупо аз гази он вобаста аст, гуфт ӯ.
Акиенер бар ин бовар аст, ки дар оянда танҳо Арабистони Саудӣ метавонад дар заминаи пардохти пули нафташ ба пули миллӣ гузарад.
Бино ба гузориши Вазорати энержии ҷумҳурии Литва, аз кишварҳои Соҳили Балтик Вилниюс аз аввалинҳое буд, ки аз харидории гази Русия даст кашид.
Рубль и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
"Bloomberg": Русия дар ҷанги таҳримӣ ИМА ва Аврупоро нобуд кард
Нафти Русия то ҳол ба ягона корхонаи коркарди нафт дар кишварҳои Соҳили Балтика, дар шаҳри Мазейкиаи Литва интиқол дода мешавад, ки онро консерни "Орлен"- и Лаҳистон идора мекунад. Аммо аллакай маълум аст, ки дар поёни қарордоди ҷории интиқоли нафти Русия он тамдид нахоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Федератсияи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ ва ба дунболи ин як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид намуд.
Ҳамчунин бисёре аз брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Вид на Кремль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Пешгӯии фоидаи бесобиқаи Русия дар шароити таҳримҳо
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани матолибро тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" манъ кард, ки видеохостинги "YouTube" низ онҳоро масдуд кард. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд ва вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ маҳдуд кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0