https://sputnik.tj/20220404/tojikiston-basta-nav-vaksina-dastras-1047332152.html
Тоҷикистон бастаи нави ваксина дастрас кард
Тоҷикистон бастаи нави ваксина дастрас кард
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, дастаи нави ваксина, ки аз сӯйи барномаи механизми COVAX дастраси Тоҷикистон гардид, дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ мешаванд 04.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-04T15:03+0500
2022-04-04T15:03+0500
2022-04-04T15:21+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
коронавирус
тандурустӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032899065_0:152:2902:1784_1920x0_80_0_0_7b822b6a79753e9391586fd539b3643d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тоҷикистон шаби 3 ба 4 апрел бастаи нави ваксинаи "Pfizer-BioNTech" қабул кард.Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 200 ҳазор вояи ин ваксина ба Тоҷикистон ворид шуд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ваксинаи мазкур аз сӯи барномаи COVAX ирсол гардидааст ва он дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ мешавад.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бемории коронавирус мавҷуд нест, вале моякӯбии шаҳрвандон ҳамоно идома дорад.Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то охири моҳи март 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, ё 92,2% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд. Вояи дуюми ваксинаро 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар гирифтаанд, ки 87,5%-и аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол вояи такрорӣ ва ё реваксинатсияро то 27 март, 1 миллиону 922 (19,5%) нафар гирифтаанд.Ёдовар мешавем, тибқи фармони ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло расми ҳатмӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220324/tojikiston-virus-vaksina-1047037323.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032899065_161:0:2741:1935_1920x0_80_0_0_c8501883ca95a2ba3e649e99eb4e4070.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, коронавирус, тандурустӣ, ваксина
дар тоҷикистон, коронавирус, тандурустӣ, ваксина
Тоҷикистон бастаи нави ваксина дастрас кард
15:03 04.04.2022 (Навсозишуда: 15:21 04.04.2022) Гуфта мешавад, дастаи нави ваксина, ки аз сӯйи барномаи механизми COVAX дастраси Тоҷикистон гардид, дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тоҷикистон шаби 3 ба 4 апрел бастаи нави ваксинаи "Pfizer-BioNTech" қабул кард.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 200 ҳазор вояи ин ваксина ба Тоҷикистон ворид шуд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ваксинаи мазкур аз сӯи барномаи COVAX ирсол гардидааст ва он дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бемории коронавирус мавҷуд нест, вале моякӯбии шаҳрвандон ҳамоно идома дорад.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то охири моҳи март 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, ё 92,2% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Вояи дуюми ваксинаро 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар гирифтаанд, ки 87,5%-и аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол вояи такрорӣ ва ё реваксинатсияро то 27 март, 1 миллиону 922 (19,5%) нафар гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, тибқи фармони ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло расми ҳатмӣ мебошад.