https://sputnik.tj/20220324/tojikiston-virus-vaksina-1047037323.html
Тоҷикистон алайҳи се вирус ваксина дарёфт кард
Тоҷикистон алайҳи се вирус ваксина дарёфт кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тибқи созишномаи Вазорати тандурустӣ ва ЮНИСЕФ ҳаҷми зарурии доруворӣ гирифт
2022-03-24T13:55+0500
2022-03-24T13:55+0500
2022-03-24T14:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045518616_0:136:2573:1583_1920x0_80_0_0_e400a98146091d8a13c25432cc6e8035.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон 541 ҳазор ваксинаи зидди вирусҳое чун сурхча, сурхакон ва паротит иниқол дод.Дар ин бора аз намояндагии ин созмони байналмилалӣ дар Тоҷикистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ҷамъоварии ин миқдор ваксина бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифт ва арзиши умумии ин хароҷот 840 200 долларро ташкил дод.Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби ин барнома касри буҷет барои хариди ваксинаҳои зидди ин се вирус дар давраи пандемия ба таври фаврӣ пур карда шуд. ЮНИСЕФ тахмин мезанад, ки аз соли 2010 то 2017 169 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон алайҳи вируси сурхча моякӯбӣ нашудаанд. Ба ҳисоби миёна шумораи кӯдаконе, ки зидди ин беморӣ ваксиназанӣ нашудаанд, дар як сол ба 21,1 миллион нафар мерасад. Чунин омори ноумедкунанда боиси сар задани беморӣ гардидааст, ки ҳоло чанд кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст.Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон танҳо дар ду вулусволии Кӯфи Обӣ ва Насӣ 157 кӯдак бар асари маризии сурхакон ҷон доданд.Бемории сурхакон дар ҳоле сар задааст, ки бахши тандурустии Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад, аммо толибон иддао доранд, ки талошҳои худро барои наҷоти бахши беҳдоштӣ афзудаанд.
https://sputnik.tj/20220218/bemorii-surkhakon-badakhshoni-afghoniston-1046037713.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045518616_140:0:2431:1718_1920x0_80_0_0_5d2eb83f606c67a46579585294d1f350.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ваксина вирус
Тоҷикистон алайҳи се вирус ваксина дарёфт кард
13:55 24.03.2022 (Навсозишуда: 14:02 24.03.2022) Тоҷикистон, тибқи созишномаи Вазорати тандурустӣ ва ЮНИСЕФ, ба ҳаҷми зарурии доруворӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон 541 ҳазор ваксинаи зидди вирусҳое чун сурхча, сурхакон ва паротит иниқол дод.
Дар ин бора аз намояндагии ин созмони байналмилалӣ дар Тоҷикистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ҷамъоварии ин миқдор ваксина бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифт ва арзиши умумии ин хароҷот 840 200 долларро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби ин барнома касри буҷет барои хариди ваксинаҳои зидди ин се вирус дар давраи пандемия ба таври фаврӣ пур карда шуд.
"Таъмини маблағгузории муваққатӣ дар ҷиҳати харидории ваксинаҳои зидди сурхак, паротит ва сурхакон як қисми кӯшишҳои васеътари мо барои ҳифзи хидматрасонии муҳими тиббӣ дар қиболи халалдоршавӣ дар давраи пандемия мебошад", - гуфт Озан Сүйим, роҳбари намояндагии БҶ дар Тоҷикистон.
ЮНИСЕФ тахмин мезанад, ки аз соли 2010 то 2017 169 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон алайҳи вируси сурхча моякӯбӣ нашудаанд. Ба ҳисоби миёна шумораи кӯдаконе, ки зидди ин беморӣ ваксиназанӣ нашудаанд, дар як сол ба 21,1 миллион нафар мерасад.
Чунин омори ноумедкунанда боиси сар задани беморӣ гардидааст, ки ҳоло чанд кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон танҳо дар ду вулусволии Кӯфи Обӣ ва Насӣ 157 кӯдак бар асари маризии сурхакон ҷон доданд.
Бемории сурхакон дар ҳоле сар задааст, ки бахши тандурустии Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад, аммо толибон иддао доранд, ки талошҳои худро барои наҷоти бахши беҳдоштӣ афзудаанд.