https://sputnik.tj/20220213/sabuk-voridot-arzoni-ord-suzishvori-noibi-vazir-1045817171.html
Иҷозати вуруди арзони орду сӯзишворӣ ба Тоҷикистон: ноиби вазир аз эътидоли нархҳо гуфт
Иҷозати вуруди арзони орду сӯзишворӣ ба Тоҷикистон: ноиби вазир аз эътидоли нархҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби вазири молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки чӣ қадар маҳсулоти ниёзи аввалро ҷумҳурӣ худаш тавлид мекунаду чӣ қадарро ворид месозад
2022-02-13T21:00+0500
2022-02-13T21:00+0500
2022-02-14T21:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
парлумон
нашрияи "садои мардум"
арзонӣ
гаронӣ
сабукӣ
воридот
орд
гандум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138205_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_9d3abb7657e49428065cb11675ef17b6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Карим Гулмуродзода, ноиби вазири молияи Тоҷикистон далели боло рафтани маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳуриро ба тағйирёбии қурби пул рабт дода, додани сабукиҳо барои воридоти ин навъи мол аз хориҷро муҳим хонд. Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", Гулмуродзода ин нуктаро ҳафтаи равон зимни баррасии тағйирот ба Қонуни буҷаи соли 2022 баён дошт. Ноиби вазири молия таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон барои воридоти орд, нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ сабукӣ дода мешавад. ки барои муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот мусоидат мекунад. Ӯ омореро ироа намуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар дар бозори молҳои муҳим маҳсулоти худӣ дорад ва чӣ қадарро ворид месозад. Аз ҷумла ӯ гуфт, соли 2021 воридоти гандум 1 миллиону 28,1 ҳазор тонна, шакар 101,1 ҳазор тонна, орд 56,7 ҳазор тонна, рӯғани рустанӣ 92,6 ҳазор тонна, биринҷ 30,8 ҳазор тонна, карбамид 88,6 ҳазор тонна, селитра 40,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст.Бар асоси тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат, ки парлумон қабул намуд, воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орду гандум, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ аз сӯйи Агентии захираҳои моддии давлатӣ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва аксиз сурат мегирад. Ғиёсиддин Ашӯрзода, узви узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши иқтисод ва молия гуфт, ин сабукиҳо ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ имкон медиҳад, ки аз ҷониби агентӣ маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ аз хориҷи кишвар бе мамониат ворид ва бо нархҳои нисбатан дастрас ба аҳолӣ пешниҳод шаванд. "Ворид намудан ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти озуқа боиси нигоҳдории нархҳо дар бозори дохилии ҷумҳурӣ гашта, ба иқтисоди кишвар низ таъсири мусбат мерасонад", - изҳор кардааст вакил дар ҷаласа. Таъкид шудаст, ки номгӯ ва ҳаҷми маҳсулотро Ҳукумати Тоҷикистон муайян хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220203/gardish-mol-tojikiston-qazoqiston-rekordi-1045445705.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138205_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_02a97b7791dd6bf04a38dbf09374638d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ноиб, вазир, нарх, гарон, тоҷикистон,
ноиб, вазир, нарх, гарон, тоҷикистон,
Иҷозати вуруди арзони орду сӯзишворӣ ба Тоҷикистон: ноиби вазир аз эътидоли нархҳо гуфт
21:00 13.02.2022 (Навсозишуда: 21:02 14.02.2022) Ноиби вазири молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки чӣ қадар маҳсулоти ниёзи аввалро ҷумҳурӣ худаш тавлид мекунаду чӣ қадарро ворид месозад
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Карим Гулмуродзода, ноиби вазири молияи Тоҷикистон далели боло рафтани маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳуриро ба тағйирёбии қурби пул рабт дода, додани сабукиҳо барои воридоти ин навъи мол аз хориҷро муҳим хонд.
Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", Гулмуродзода ин нуктаро ҳафтаи равон зимни баррасии тағйирот ба Қонуни буҷаи соли 2022 баён дошт.
Ноиби вазири молия таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон барои воридоти орд, нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ сабукӣ дода мешавад. ки барои муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот мусоидат мекунад.
Ӯ омореро ироа намуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар дар бозори молҳои муҳим маҳсулоти худӣ дорад ва чӣ қадарро ворид месозад.
Аз ҷумла ӯ гуфт, соли 2021 воридоти гандум 1 миллиону 28,1 ҳазор тонна, шакар 101,1 ҳазор тонна, орд 56,7 ҳазор тонна, рӯғани рустанӣ 92,6 ҳазор тонна, биринҷ 30,8 ҳазор тонна, карбамид 88,6 ҳазор тонна, селитра 40,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
"Соли сипаришуда истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ 876,1 ҳазор тонна, орд 828 ҳазор тонна, рӯғани рустанӣ 23,5 ҳазор тонна, биринҷ 17,6 ҳазор тонна, гӯшт 67,7 ҳазор тоннаро ташкил дод", - афзуд Гулмуродзода.
Бар асоси тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат, ки парлумон қабул намуд, воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орду гандум, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ аз сӯйи Агентии захираҳои моддии давлатӣ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва аксиз сурат мегирад.
Ғиёсиддин Ашӯрзода, узви узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши иқтисод ва молия гуфт, ин сабукиҳо ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ имкон медиҳад, ки аз ҷониби агентӣ маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ аз хориҷи кишвар бе мамониат ворид ва бо нархҳои нисбатан дастрас ба аҳолӣ пешниҳод шаванд.
"Ворид намудан ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти озуқа боиси нигоҳдории нархҳо дар бозори дохилии ҷумҳурӣ гашта, ба иқтисоди кишвар низ таъсири мусбат мерасонад", - изҳор кардааст вакил дар ҷаласа.
Таъкид шудаст, ки номгӯ ва ҳаҷми маҳсулотро Ҳукумати Тоҷикистон муайян хоҳад кард.