https://sputnik.tj/20220404/peskov-video-ukraini-bucha-1047336855.html
Песков гуфт, ки ба видеои украинӣ аз Буча набояд бовар кард
Песков гуфт, ки ба видеои украинӣ аз Буча набояд бовар кард
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи президенти Русия гуфт, ки ба видеоҳои украинӣ аз Буча бовар кардан мумкин нест
2022-04-04T15:59+0500
2022-04-04T15:59+0500
2022-04-04T19:47+0500
дар русия
вазорати дифоъи фр
дмитрий песков
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472221_0:0:3082:1734_1920x0_80_0_0_2790c3cdfcd48b9701bbb8cea495a42a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ба маводи видеоие, ки Украина паҳн кардааст, бовар кардан мумкин нест, коршиносони Вазорати дифои Русия аломатҳои қалбакии видеоро муайян кардаанд, гуфт котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков дар шарҳи иғвогарӣ дар Бучаи Украина. "Ин маълумот бояд ҷиддӣ мавриди тардид қарор гирад. Аз он чизе ки мо дидем, маводи видеоӣ - аз бисёр ҷиҳат ба онҳо бовар кардан мумкин нест, зеро мутахассисони мо аз Вазорати дифоъ нишонаҳои дурӯғу тақаллуби онро ошкор кардаанд", - гуфт Песков ба хабарнигорон."Ман намедонам, ки шумо дар бораи чӣ гуна видеоҳо ҳарф мезанед", - гуфт Песков дар посух ба ин суол, ки Кремл дар бораи аксҳое, ки хабарнигорони байналмиллалӣ дар Буча, аз ҷумла ВВС наворбардорӣ кардаанд, чӣ назар доранд.Песков ҳамчунин қайд кард, ки бо гузориши хабарнигори ВВС ошно нест. Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеоеро паҳн карданд, ки гӯё дар шаҳри Бучаи вилояти Киев наворбардорӣ шудааст, ки ҷасади кушташудагон дар роҳ хобидааст. Бисёре аз корбарон эътимоднокиии иттиҳомоти Киев алайҳи Маскавро зери суол бурда, қайд карданд, ки дар наздикии ҷасадҳо дар рӯи замин хун нест ва бархе аз кушташудагон дар остин дастбандҳои сафед доштанд ва метавонистанд аз ҷониби нерӯҳои амниятии Украина ё дифои қаламрав кушта шаванд. Ҳамчунин корбарон мушоҳида кардаанд, ки “мурдагон” дастонашонро ҷунбонда, ба назар мерасад, ки яке аз онҳо баробари гузаштани мошин мавқеашро иваз мекунад. Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки ҳамаи ин аксҳо ва матолиби видеоии нашркардаи режими Киев, ки гӯё аз як навъ “ҷиноят”-и низомиёни Русия дар шаҳри Бучаи вилояти Киев шаҳодат медиҳанд, “як иғвои навбатӣ” аст. Тавре дар Вазорати дифоъ қайд карданд, дар замони таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарор доштани ин шаҳрак нисбати ягон сокини маҳаллӣ амали хушунатомез сурат нагирифтааст.Вазорат қайд кард, ки тамоми воҳидҳои Русия рӯзи 30 март Бучаро комилан тарк карданд ва баромадгоҳҳо аз шаҳр дар самти шимол баста нашудаанд, дар ҳоле ки канораҳои ҷанубӣ, аз ҷумла маҳаллаҳои истиқоматӣ аз ҷониби нерӯҳои украинӣ шабонарӯзӣ аз тӯпхонаҳои калонҳаҷм, танкҳо ва системаҳои мушакӣ тирборон мешуд.
https://sputnik.tj/20220403/rusiya-haqiqat-aks-navor-bucha-ukraina-oshkor-1047320095.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472221_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_ab6aa6af4e2a8479bd5311ac0a517542.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков видеои буча иғво
Песков гуфт, ки ба видеои украинӣ аз Буча набояд бовар кард
15:59 04.04.2022 (Навсозишуда: 19:47 04.04.2022) Сухангӯи президенти Русия гуфт, ба видеоҳои украинӣ аз Буча бовар кардан мумкин нест
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ба маводи видеоие, ки Украина паҳн кардааст, бовар кардан мумкин нест, коршиносони Вазорати дифои Русия аломатҳои қалбакии видеоро муайян кардаанд, гуфт котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков дар шарҳи иғвогарӣ дар Бучаи Украина.
"Ин маълумот бояд ҷиддӣ мавриди тардид қарор гирад. Аз он чизе ки мо дидем, маводи видеоӣ - аз бисёр ҷиҳат ба онҳо бовар кардан мумкин нест, зеро мутахассисони мо аз Вазорати дифоъ нишонаҳои дурӯғу тақаллуби онро ошкор кардаанд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
"Ман намедонам, ки шумо дар бораи чӣ гуна видеоҳо ҳарф мезанед", - гуфт Песков дар посух ба ин суол, ки Кремл дар бораи аксҳое, ки хабарнигорони байналмиллалӣ дар Буча, аз ҷумла ВВС наворбардорӣ кардаанд, чӣ назар доранд.
Песков ҳамчунин қайд кард, ки бо гузориши хабарнигори ВВС ошно нест.
"Мо дар мавриди видеоҳое суҳбат мекунем, ки аслан асоси иттиҳомҳоеро ташкил додаанд, ки ба омӯхтани онҳо шуруъ кардаанд", - гуфт Песков.
Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеоеро паҳн карданд, ки гӯё дар шаҳри Бучаи вилояти Киев наворбардорӣ шудааст, ки ҷасади кушташудагон дар роҳ хобидааст.
Бисёре аз корбарон эътимоднокиии иттиҳомоти Киев алайҳи Маскавро зери суол бурда, қайд карданд, ки дар наздикии ҷасадҳо дар рӯи замин хун нест ва бархе аз кушташудагон дар остин дастбандҳои сафед доштанд ва метавонистанд аз ҷониби нерӯҳои амниятии Украина ё дифои қаламрав кушта шаванд.
Ҳамчунин корбарон мушоҳида кардаанд, ки “мурдагон” дастонашонро ҷунбонда, ба назар мерасад, ки яке аз онҳо баробари гузаштани мошин мавқеашро иваз мекунад.
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки ҳамаи ин аксҳо ва матолиби видеоии нашркардаи режими Киев, ки гӯё аз як навъ “ҷиноят”-и низомиёни Русия дар шаҳри Бучаи вилояти Киев шаҳодат медиҳанд, “як иғвои навбатӣ” аст.
Тавре дар Вазорати дифоъ қайд карданд, дар замони таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарор доштани ин шаҳрак нисбати ягон сокини маҳаллӣ амали хушунатомез сурат нагирифтааст.
Вазорат қайд кард, ки тамоми воҳидҳои Русия рӯзи 30 март Бучаро комилан тарк карданд ва баромадгоҳҳо аз шаҳр дар самти шимол баста нашудаанд, дар ҳоле ки канораҳои ҷанубӣ, аз ҷумла маҳаллаҳои истиқоматӣ аз ҷониби нерӯҳои украинӣ шабонарӯзӣ аз тӯпхонаҳои калонҳаҷм, танкҳо ва системаҳои мушакӣ тирборон мешуд.