https://sputnik.tj/20220403/rusiya-haqiqat-aks-navor-bucha-ukraina-oshkor-1047320095.html
Вазорати дифои Русия ҳақиқатро дар бораи аксу видеоҳо аз Бучаи Украина ошкор кард
Вазорати дифои Русия ҳақиқатро дар бораи аксу видеоҳо аз Бучаи Украина ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия наворҳо аз шаҳри Украинаро як қалбакӣ хонду гуфт, ки онро режими Киев барои расонаҳои ғарбӣ сохтааст
2022-04-03T23:05+0500
2022-04-03T23:05+0500
2022-04-04T12:48+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
ҳақиқати ҳол
ошкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101952/31/1019523118_0:32:3077:1762_1920x0_80_0_0_cc938b5d41001fd16b6a7e3d03b51052.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Аксҳо ва видеоҳое, ки мақомоти Украина аз шаҳри Буча пешниҳод кардаанд, ки гӯё "ҷиноятҳо"-и нерӯҳои Русияро таъйид мекунанд, боз як иғвои дигар аст. Дар ин бора аз Вазорати дифои Русия иттилоъ дод. Ин ниҳод мегӯяд, ки дар замони таҳти назорати артиши Русия қарор доштани ин шаҳрак ягон сокини Буча осеб надидааст. Нерӯҳои Русия 30 март - як рӯз баъд аз музокироти намояндагони Маскаву Киев дар Истанбул ин шаҳрро тарк карданд. Песков изҳори умедворӣ кард, ки Маскаву Киев ба имзои санад мерасандДар ин бора баъдтар раиси шаҳри Буча Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ хабар дод. Ӯ дар ин видео нагуфтааст, ки нерӯҳои Русия сокинони дастбастаи ин шаҳрро ба рагбор бастанд.Ҳамзамон гуфта мешавад, ҷасади одамоне, ки дар акс ва видео дида мешаванд, пас аз ҳадди ақал чаҳор рӯз ба мурда монанд нестанд, зеро доғҳои хоси ҷасад надоранд ва дар захмҳои онҳо хуни лахтанашуда ба назар мерасад.Вазорат ёдоварӣ кардааст, ки канораҳои ҷанубии Бучаро нерӯҳои Украина пайваста тирборон мекарданд. Дар навбати худ низомиёни Русия ба вилояти Киев 452 тонна бори башардӯстона интиқол додаанд.Онҳо ба ҳаракати аҳолии осоишта дар гирду атрофи шаҳр ва истифода бурдани алоқаи мобилӣ монеъ нашуданд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101952/31/1019523118_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0f6c2d4e1bf89a3e4a4d117f8a8c9465.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия ҳақиқат акс навор буча украина
русия ҳақиқат акс навор буча украина
Вазорати дифои Русия ҳақиқатро дар бораи аксу видеоҳо аз Бучаи Украина ошкор кард
23:05 03.04.2022 (Навсозишуда: 12:48 04.04.2022) Вазорати дифои Русия видеоҳои мунташиршуда аз ин шаҳри Украинаро қалбакӣ хонду гуфт, ки онро режими Киев барои расонаҳои ғарбӣ сохтааст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Аксҳо ва видеоҳое, ки мақомоти Украина аз шаҳри Буча пешниҳод кардаанд, ки гӯё "ҷиноятҳо"-и нерӯҳои Русияро таъйид мекунанд, боз як иғвои дигар аст. Дар ин бора аз Вазорати дифои Русия иттилоъ дод.
Ин ниҳод мегӯяд, ки дар замони таҳти назорати артиши Русия қарор доштани ин шаҳрак ягон сокини Буча осеб надидааст.
Нерӯҳои Русия 30 март - як рӯз баъд аз музокироти намояндагони Маскаву Киев дар Истанбул ин шаҳрро тарк карданд.
Дар ин бора баъдтар раиси шаҳри Буча Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ хабар дод. Ӯ дар ин видео нагуфтааст, ки нерӯҳои Русия сокинони дастбастаи ин шаҳрро ба рагбор бастанд.
"Аз ин рӯ тааҷҷубовар нест, ки ҳама ба истилоҳ "далелҳои ҷиноят" дар Буча танҳо дар рӯзи чаҳорум, вақте ки афсарони украинӣ ва намояндагони телевизиони Украина вориди шаҳр шуданд, пайдо шуданд", - қайд кард Вазорати дифои Русия.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ҷасади одамоне, ки дар акс ва видео дида мешаванд, пас аз ҳадди ақал чаҳор рӯз ба мурда монанд нестанд, зеро доғҳои хоси ҷасад надоранд ва дар захмҳои онҳо хуни лахтанашуда ба назар мерасад.
"Ҳамаи ин ба таври раднашаванда тасдиқ мекунад, ки акс ва видеоҳо аз Буча маҳсули навбатии режими Киев барои расонаҳои ғарбӣ мебошанд, чунон ки дар Мариупол бо таваллудхона ва инчунин дар шаҳрҳои дигар карданд", - таъкид кардааст Вазорати дифои Русия.
Вазорат ёдоварӣ кардааст, ки канораҳои ҷанубии Бучаро нерӯҳои Украина пайваста тирборон мекарданд. Дар навбати худ низомиёни Русия ба вилояти Киев 452 тонна бори башардӯстона интиқол додаанд.
Онҳо ба ҳаракати аҳолии осоишта дар гирду атрофи шаҳр ва истифода бурдани алоқаи мобилӣ монеъ нашуданд.