https://sputnik.tj/20220404/lavrov-ighvo-bucha-hadaf-ziddi-rusiya-istifoda-1047337191.html
Лавров гуфт, иғво дар Буча бо ҳадафҳои зиддирусӣ истифода мешавад
Лавров гуфт, иғво дар Буча бо ҳадафҳои зиддирусӣ истифода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия ҳодисаи Бучаи Киевро шарҳ дод ва изҳор дошт, ки ин кори кӣ аст ва ба чӣ мақсад амалӣ шуд
2022-04-04T17:20+0500
2022-04-04T17:20+0500
2022-04-04T20:10+0500
дар русия
сергей лавров
сиёсат
украина
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047265514_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_80ef5201ee0af91ccd8df36441a9d707.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо муовини дабири кулли СММ Мартин Гриффитс гуфт, ки онҳо саъй доранд, аз намоишнома дар Бучаи Украина ба ҳадафҳои зидди Русия истифода кунанд. Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ навореро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасадҳо" дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи паси мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.Вазорати дифои Русия ин видео ва аксҳоро иғво номида, таъкид кард, ки дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.Вазорат ёдовар шуд, ки мақомоти Украина дар бораи "зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия" ба таваллудхонаи Мариупол як хабари қалбакӣ паҳн кардаанд. Нашрияҳо аксҳои занони ҳомиларо паҳн намуданд, ки гӯё ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ осеб дидаанд. Русия ин иттиҳомотро рад кард.
https://sputnik.tj/20220404/peskov-video-ukraini-bucha-1047336855.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047265514_45:0:2776:2048_1920x0_80_0_0_7291e70a4e8f4db187ba06c55e8c03a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров буча украина
Лавров гуфт, иғво дар Буча бо ҳадафҳои зиддирусӣ истифода мешавад
17:20 04.04.2022 (Навсозишуда: 20:10 04.04.2022) Вазири умури хориҷии Русия ҳодисаи Бучаи Киевро шарҳ дод ва изҳор дошт, ки ин кори кӣ аст ва ба чӣ мақсад амалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо муовини дабири кулли СММ Мартин Гриффитс гуфт, ки онҳо саъй доранд, аз намоишнома дар Бучаи Украина ба ҳадафҳои зидди Русия истифода кунанд.
"Низомиёни Русия рӯзи 30 март ин шаҳрро комилан тарк карданд, 31 март раиси шаҳр бо тантана гуфт, ки ҳама чиз дар ҷои худ аст ва пас аз ду рӯз мо дидем, чӣ гуна ҳамон намоишнома дар кӯчаҳо ташкил шудааст, ки ҳоло талош доранд, ба ҳадафҳои зидди Русия истифода кунанд”, - гуфт Лавров.
Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ навореро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд.
Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасадҳо" дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи паси мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.
Вазорати дифои Русия ин видео ва аксҳоро иғво номида, таъкид кард, ки дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.
Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.
Вазорат ёдовар шуд, ки мақомоти Украина дар бораи "зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия" ба таваллудхонаи Мариупол як хабари қалбакӣ паҳн кардаанд. Нашрияҳо аксҳои занони ҳомиларо паҳн намуданд, ки гӯё ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ осеб дидаанд. Русия ин иттиҳомотро рад кард.