Кишвари аврупоӣ талаби Путинро пазируфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЕжегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Раҳбарони бештари кишварҳои Аврупо зарурати таъмини сӯзишвориро дарк мекунанд, аз ин рӯ бо шартҳои нави Русия розӣ ҳастанд: онҳо омодаанд, ба пардохти газ бо рубл гузаранд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Словакия изҳор кард, омодааст, гази Русияро бо рубл харидорӣ кунад. Дар ин бора дар эфири шабакаи телевизионии ин кишвар Ричард Сулик, вазири иқтисоди ин кишвар хабар дод.
Вай таъкид кард, ки интиқоли маводи сӯхтро қатъ кардан мумкин нест.

"Барои баъзеҳо ин як мавқеи аз ҳад прагматикӣ аст. Агар шарти пардохти (барои газ аз Русия) бо рубл вуҷуд дошта бошад, пас мо бо рубл пардохт мекунем", - гуфт Сулик.

Вазири иқтисоди Словакия гуфт, ин кишвар ҳудуди 85 дарсади газро аз Федератсияи Русия мехарад. Вай ба тарафдории тағйири самти таъминот сухан ронд, аммо гуфт, барои ин чанд сол лозим аст.
Сулик гуфт, ки мақомоти давлатӣ барои ҳалли вазъ тақрибан шаш ҳафта вақт доранд.
Северный поток-2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Коршиноси олмонӣ: Нархи газ Русияро "тилоӣ" мекунад
"Ман тарафдори он ҳастам, ки дар ин масъала дар доираи Иттиҳодияи Аврупо якҷоя амал ва роҳи ҳалли муштаракро ҷустуҷӯ кунем. Аммо мо наметавонем газро қатъ кунем", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 23 март аз тасмимаш дар робита ба фурӯши газ бо Аврупо ва дигар кишварҳое, ки алайҳи Федератсияи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, бо рубл эълон кард.
Ӯ ба хотири даст кашидан аз истифодаи доллар, евро ва як қатор асъорҳои дигар чунин чораҳоро андешид.
Путин фармони дахлдорро рӯзи 31 март имзо кард. Вай эълом дошт, ки Русия дар сурати иҷроӣ нашудани уҳдадориҳои марбути харидории газ аз ҷониби кишварҳои ғайридӯст аз 1 апрел ба баъд дар ин хусус чораандешӣ хоҳад кард.
Буровая установка на кустовой площадке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Русия барои пардохти пули газ бо рубл як моҳ муҳлат медиҳад
Дар навбати худ сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хусусиятҳои чунин низоми пардохтро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ газро аз Федератсияи Русия ба евро мехариданд, ки он бо рубл иваз мешавад.
Қаблан ду ширкати олмонӣ ва ҳамчунин Молдова бо шартҳои Русия дар робита ба фурӯши газ розӣ шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0