Коҳиши қимати сӯзишворӣ дар Суғд идома дорад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЗаправщик возвращает заправочный пистолет в слот
Заправщик возвращает заправочный пистолет в слот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Дар шимоли Тоҷикистон поинравии навбатии нархи гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Хуҷанд боз поин рафтани нархи маводи сӯзишворӣ ва рӯғанҳои молиданӣ (ПОЛ) мушоҳида мешавад, менависад "Sugnews".
Дар пасманзари поин рафтани қурби доллар дар Суғд нархи гази моеъ 20 дирам, бензин ва сӯзишвории дизелӣ 10 дирам коҳиш ёфт.
Каме паст шудани арзиши гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллӣ мушоҳида мешавад.
Ба ин тартиб ҳоло гази моеъ бо қимати 6,60 сомонӣ фурӯхта мешавад, дар ҳоле ки як рӯз пеш ин навъи сӯзишворӣ 6,80-6,90 сомонӣ ба фурӯш мерафт.
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Коҳиши нархи маводи сӯхт дар пайи уфти қурби доллар дар Тоҷикистон
Дар тоблуҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд чунин нархгузорӣ сабт шудааст:
бензини АИ-92 - 11,30-11,40 сомонӣ;
бензини АИ-95 - 11,90 сомонӣ;
сӯзишвории дизелӣ – 12-12,20 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш бензини навъи АИ-92 11,50 сомонӣ, АИ-95 12 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12,30 сомонӣ арзиш дошт.
Ёдовар мешавем, ки болоравии қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар нимаи моҳи март оғоз шуда, қимати бензини АИ-92 то 12 сомонӣ, АИ-95 то 12,50 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ то 13 сомонӣ боло рафта буд.
Коршиносон ҷаҳиши нархҳоро ба беқурбшавии шадиди пули миллӣ дар баробари доллар рабт доданд. Аммо ҳоло доллар дар ҳоли поинравӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0