Коҳиши нархи маводи сӯхт дар пайи уфти қурби доллар дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкРабота АЗС в Москве
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Поинравии қурби доллар, ки чанд рӯз боз идома дорад, сабаби коҳиши нархи бензину газ ва дизел дар навоҳии Суғд гардидааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон то 50 дирам арзонтар шудааст. Ҳоло дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл поёнравии ҳама намуди маводи сӯхт дар саросари Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Бино ба нархномаи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт, арзиши бензини АИ 92 11,4, АИ 95 11,8 ва сӯзишвории дизелӣ 12,2 сомонӣ аст, ки дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш аз 40 то 50 дирам камтар мебошад.
Расо як ҳафта қабл дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар навоҳии Суғд арзиши як литр бензини навъи АИ 92 11,8 ва АИ 95 12,2 сомонӣ рақам зада мешуд.
Ҳоло арзиши сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ҳам аз 12,2 ва 7,3 сомонии чанд рӯзи пеш то 12 ва 6,8 сомонӣ поин рафтааст.
Ҳасанбой Каримов, як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишвории (АЗС) №18-и Хуҷанд бо таъйиди коҳиши нарх сабаби онро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.

"Қурби доллар тайи се-чор рӯзи ахир поин рафта истодааст. Ҳар қадар ки қимати он поин шавад, нархи сӯзишворӣ ҳам, ки аз хориҷа ворид мешавад, беист коҳиш меёбад”, – гуфт ӯ.

Зимнан дар бозори нақди Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ поин рафта, дар ин миён арзиши рубли Русия то ба нишондоди моҳҳои қаблияш афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои БМТ, дар муассисаҳои қарзии ҷумҳурӣ рубл ба ҳисоби миёна ба қимати 0,1447 то 0,1516 сомонӣ харидуфурӯш мешаванд. Ин баландтарин нишондод тайи ҳафтаҳои охир мебошад.
Аввали моҳи равон арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон аз ҳадди 100 сомонӣ ҳам поин рафта буд.
Бензину дизел дар Тоҷикистон арзон шуду, гази моеъ на. Чаро?
Ҷаҳиши қурби рубл дар ҳолест, ки бар асоси иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши доллари амрикоӣ поин рафтааст. Ин ниҳод гуфт, дар муассисаҳои қарзии кишвар 1 доллари ИМА аз 12.5 то 12.9 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Баръакси ин рақам дар “бозори сиёҳ” арзиши доллар то ба 12 сомонӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ширкати воридкунандаи маводи сӯхт сабти ном шудааст. Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта ба кишвар беш аз 618,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии 412,6 миллион доллар ворид шудааст.
Дар ин давра 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид шудааст. Ба Тоҷикистон бензину сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0