Дар Хуҷанд занони роҳбарро тарбия мекунанд

Ежегодное обращение Эмомали Рахмона к парламенту
Ежегодное обращение Эмомали Рахмона к парламенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтаанд, барои корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ занҳои сарварро омода намояд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтаанд, ки барои занон давраҳои омӯзишӣ “Зан - сарвар”-ро ба роҳ монанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Ин давраҳои омӯзиши барои ҷавонзанони 25-30-сола пешбинӣ шудааст, ки ва иловатан онҳо бояд малакаи суханварӣ дошта бошанд.
Дар ин курс бонувони муассисаҳои таълимии шаҳр, донишгоҳу коллеҷҳо, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда метавонанд.
Мужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Чаро занон бадрашк мешаванд ва чӣ бояд кард?
Дар ин давраҳои омӯзишӣ ширкаткунандагон аз устодон, занони роҳбар, сиёсатмадорони варзида ва ходимони давлатӣ барои худ таълим мегиранд.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба давраи омӯзиши 3-моҳа таҳти унвони “Зан - сарвар”, аз 31 марти соли 2022 оғоз гардида, то 10 апрели соли равон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳукумат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Лентаи хабарҳо
0