Глазев: Узвияти Украина дар Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё мантиқитар аст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСоветник президента РФ Сергей Глазьев
Советник президента РФ Сергей Глазьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гуфт, узвияти Украина дар ИИАО мантиқтар аз узвияти он дар Иттиҳодияи Аврупост
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Узвияти Украина дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳам барои иқтисоди ин кишвар ва ҳам барои тамоми кишварҳои иттиҳодия дурнамои хуберо боз мекунад.
Ба гуфтаи вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ЕЭК) Сергей Глазев, ба ҳамин хотир узвияти Украина дар ин созмон нисбат ба узвияти нобаробар дар Иттиҳодияи Аврупо мантиқӣ ва судмандтар аст.
"Иштироки Украина дар фазои ягонаи иқтисодии Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё дар муқоиса бо ҷалби маҷбурии он ба иттиҳодияи нобаробар Иттиҳоди Аврупо мантиқӣ ва судмандтар аст", - гуфт Глазев.
Ба гуфтаи вай, бо эътибор пайдо кардани созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо Украина соҳибихтиёрии худро аз даст медиҳад.
Флаг с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Ӯзбекистон дар миёни фаъолони Иттиҳоди Авруосиё: Тоҷикистон чӣ?
Глазев ба оморҳое ишора кард, ки бар асоси он, омили украинӣ ва зарбаҳои беруна ба Русия то 200 миллиард доллар ва бо назардошти таҳримҳои байналмилалӣ то 0,5 триллион доллар зарар расондаанд.
"Украина аз кандани ҳамкорӣ бо Русия ва табодули иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупо садҳо миллиард доллар зарар дидааст", - гуфт ӯ.
“Агар Украина узви комилҳуқуқи фазои ягонаи Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё шавад, пас афзоиши гардиши мол, ба истиснои манобеи энержӣ дар натиҷаи ҳамгироии мутақобила ва рафъи монеаҳои тиҷоратӣ барои иқтисоди Украина метавонад хеле назаррас бошад; то 20 дарсади ММД-и Украинаро ташкил диҳад”, — бовар дорад Глазев.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамгироии АвруОсиё бидуни Украина низ бохт дорад.
“Худи Иттиҳодияи АвруОсиё бидуни иштироки Украина тақрибан сеяки афзоиши эҳтимолии ММД-ро аз даст медиҳад ва ин афзоиш аз ҳисоби ҳамкориҳои Русия ва Украина, асосан дар соҳаҳои технологияҳои баланд, ки дар сурати мавҷуд набудани монеаҳои сарҳадӣ ва ... бозори ягона ба табдили технологии фазои ягонаи иқтисодӣ мусоидат намуда, самараи зарурии фароҳам меорад”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0