https://sputnik.tj/20220403/qazoqiston-suiqasd-toqaev-jilavgiri-video-1047308505.html
Дар Қазоқистон аз сӯиқасд ба ҷони Тоқаев ҷилавгирӣ шуд - видео
Дар Қазоқистон аз сӯиқасд ба ҷони Тоқаев ҷилавгирӣ шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Аз як ҷосуси хориҷӣ силоҳ, маводи мухаддир ва маблағи зиёд дарёфту мусодира гардид 03.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-03T11:20+0500
2022-04-03T11:20+0500
2022-04-04T14:45+0500
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
сӯиқасд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698912_0:19:3073:1747_1920x0_80_0_0_6191a8de8daf7b9fbae15f612f1eaa4b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Қазоқистон як агенти истихбороти хориҷӣ, ки сӯиқасд ба ҷони президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва дигар мансабдорони баландпояро тарҳрезӣ мекард, боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии ин кишвар.Амалиёти боздошт дар Нурсултон рӯзи 25 март сурат гирифт. Дар натиҷаи кофтуков аз боздоштшуда як снайперии истеҳсоли хориҷӣ бо садохомӯшкунанда, маводи мухаддир ва маблағи калон мусодира гардид. Гуфта мешавад, ки аслиҳа пора-пора дар шакли пӯшиши касбӣ ба кишвар оварда шудааст. Агенти хориҷӣ ҳамчунин қасди анҷоми ҳамлаҳои террористиро алайҳи кормандони ниҳодҳои вижа ва ҳифзи ҳуқуқро доштааст."Ғайр аз ин агент А вазифаҳоеро барои пешбурди таблиғоти зидди Русия дар Қазоқистон ва эҷоди ақидаҳои русбадбинӣ дар ҷомеа тавассути нашри маводи муртабит дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия кардааст", - таъкид мекунад хадамоти матбуотии ин ниҳод.Шаҳрванди боздоштшудаи Қазоқистон иқрор шудааст, ки ҳамаи ин ҷиноятҳоро бо дастур ва ба манфиати давлати хориҷӣ қасди содир кардан дошт.Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 24 (тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят) ва 255 (амали террористӣ)-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Феълан Кумитаи амнияти миллӣ дар ин самт тафтишот мебарад.
https://sputnik.tj/20220125/borduzha-toqaev-qazoqiston-1045135633.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698912_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1c817736cf87e816d81c756a98361c6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, қосим -жомарт тоқаев, сиёсат , сӯиқасд
қазоқистон, қосим -жомарт тоқаев, сиёсат , сӯиқасд
Дар Қазоқистон аз сӯиқасд ба ҷони Тоқаев ҷилавгирӣ шуд - видео
11:20 03.04.2022 (Навсозишуда: 14:45 04.04.2022) Аз як ҷосуси хориҷӣ силоҳ, маводи мухаддир ва маблағи зиёд дарёфту мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Қазоқистон як агенти истихбороти хориҷӣ, ки сӯиқасд ба ҷони президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва дигар мансабдорони баландпояро тарҳрезӣ мекард, боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии ин кишвар.
Амалиёти боздошт дар Нурсултон рӯзи 25 март сурат гирифт. Дар натиҷаи кофтуков аз боздоштшуда як снайперии истеҳсоли хориҷӣ бо садохомӯшкунанда, маводи мухаддир ва маблағи калон мусодира гардид.
Гуфта мешавад, ки аслиҳа пора-пора дар шакли пӯшиши касбӣ ба кишвар оварда шудааст.
Агенти хориҷӣ ҳамчунин қасди анҷоми ҳамлаҳои террористиро алайҳи кормандони ниҳодҳои вижа ва ҳифзи ҳуқуқро доштааст.
"Ғайр аз ин агент А вазифаҳоеро барои пешбурди таблиғоти зидди Русия дар Қазоқистон ва эҷоди ақидаҳои русбадбинӣ дар ҷомеа тавассути нашри маводи муртабит дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия кардааст", - таъкид мекунад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Шаҳрванди боздоштшудаи Қазоқистон иқрор шудааст, ки ҳамаи ин ҷиноятҳоро бо дастур ва ба манфиати давлати хориҷӣ қасди содир кардан дошт.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 24 (тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят) ва 255 (амали террористӣ)-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Феълан Кумитаи амнияти миллӣ дар ин самт тафтишот мебарад.