Бордюжа гуфт, агар Тоқаев каме дер мекард, бо Қазоқистон чӣ рух медод

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузариш ба медиабонкВоенная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате
Военная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Ба гуфти дабири кулли собиқи СПАД самари иқдомоти ин созмон дар Қазоқистон натиҷаи кори чандинсолаи механизмҳои тасмимгирӣ ва иқдомоти муштарак аст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дабири кулли собиқи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии бахши иттилоотиву таҳлилии Авруосиё Николай Бордюжа гуфт, агар дархост дар бораи ворид кардани нерӯҳои посдори СПАД ба Қазоқистон ду-се рӯз пас мерасид, қурбониён боз ҳам зиёд мешуданд.
Дар ин бора Бордюжа дар чорчӯби суҳбати видеоии Маскав - Бишкек - Ереван - Минск - Нурсултон таҳти унвони "Вокуниши СПАД ба муноқишаҳои эҳтимолӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ" дар маркази матбуотии Sputnik сухан гуфт.
"Мехоҳам қайд намоям, ки дархости президент ба нерӯҳои посдори сулҳ саривақтӣ буд. Ман мутмаинам, ки агар таъхир меафтод ва ду-се рӯз баъд чунин дархост мерасид, дар Қазоқистон қурбониҳо ба маротиб бештар мешуданд ва зарари иқтисодӣ чандин баробар зиёд мебуд", — гуфт ӯ.
Олег Сыромолотов, заместитель министра иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Олег Сиромолотов: Барои суҳбат дар бораи омилони воқеоти Қазоқистон ҳанӯз барвақт аст
Ба гуфтаи Бордюжа, самари кори ин созмон аз таҳияи тамоми механизмҳои тасмимгирӣ дар чорчӯби СПАД, ҳамчунин иқдомоти нерӯҳои сулҳхоҳ ва дигар нерӯҳои дастаҷамъӣ дар тӯли солҳои тӯлонӣ будааст.
"Шумо медонед, ки СПАД нерӯҳои дастҷамъии вокуниши сареъ дорад. Дар тӯли ин солҳо онҳо мунтазам амалиёти муштаракро машқ мекарданд. Аз ин рӯ қобилияти зуд интиқол додани контингентҳоро ба ин ё он нуқта "омӯхтанд". Ҳамаи ин ба он мусоидат кард. Амалиёти мазкур бо суръати баланд ​​сурат гирифт (бо дарназардошти теъдоди зиёди кормандони низомӣ), - афзуд дабири кулли собиқи СПАД.
Вай таъкид кард, ки ин ҳодиса ниёз ба ҳамаи механизмҳои дастаҷамъиро, ки дар низоми амният дар доираи СПАД вуҷуд доранд, тасдиқ кард.
"Тасдиқ шуд, ки тамоми нерӯҳо, яъне нерӯҳои дастҷамъии вокуниши сареъ ва қувваҳои фаъолияти дастаҷамъона дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, сиёсати муҳоҷират ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бояд рушд кунанд, мукаммалтар бошанд", — афзуд Бордюжа.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Коршинос: Ҳаводиси Қазоқистон ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқро таҳдид мекунад
Вай ёдовар шуд, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки билофосила пас аз вуруди нерӯҳои посдори сулҳ ба Қазоқистон баргузор шуд, тақрибан ҳамаи президентҳо аз зарурати беҳбуди нерӯи дастаҷамъӣ ҳарф заданд.
Дараҷаи баланди муташаккилӣ ва муассир будани фаъолияти СПАД-ро Григорий Рапота, узви Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия низ қайд кард.
Вай инчунин диққатро ба ҷиҳати иқтисодии вазъият ҷалб намуд.
"Масъалаҳои иқтисодӣ дар ҷои аввал хоҳанд буд, ба ҳар сурат дар ин бора раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Тоқаев ҳарф зад. Ҳам коршиносон ва ҳам мақомот мегӯянд, мушкили ин бахш дар ҷумҳурӣ нооромиҳоро ба вуҷуд овардааст. Нерӯҳои дигар, ки воқеан зарурати пайвастани СПАД-ро ба вуҷуд овардаанд", - гуфт ӯ.
Рапота ҳамчунин қайд кард, ки нооромиҳо дар Қазоқистон метавонанд боиси бесуботӣ дар кишварҳои ҳамсояи минтақа низ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0