https://sputnik.tj/20220403/kishti-kuknor-afghoniston-tolibon-1047309958.html
Манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон аз сӯйи толибон
Манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон аз сӯйи толибон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати феълии Афғонистон, гурӯҳи толибон эълон кардааст, ки кишти кукнор дар тамоми қаламрави Афғонистон манъ шудааст
2022-04-03T12:57+0500
2022-04-03T12:57+0500
2022-04-04T14:22+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
маводи мухаддир
кобул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045716682_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_5188f5bda4e09348ce09bac8df90e899.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Толибҳо дар бораи манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон фармон содир ва эълон карданд, ҳар нафаре, ки фармони мазкурро нақз мекунанд “тибқи шариат” ҷазо дода мешаванд, иттилоъ додааст РИА "Новости".“Бо фармони раҳбари олии Иморати Исломии Афғонистон (номи кишваре, ки толибҳо истифода мекунанд) ба ҳамаи афғонҳо мерасонем, ки аз ин ба баъд дар саросари кишвар кишти хашхош қатъиян манъ карда мешавад”, - иттилоъ додааст сухангӯи толибҳо Билол Каримӣ.Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳосил кошташуда нобуд карда мешавад ва нисбати нафароне, ки фармонро нақз мекунанд, "тибқи қонуни шариат" чораҳо дида мешавад.Илова бар ин аз сӯйи толибҳо истеъмол, ҳамлу нақл, тиҷорат, содирот ва воридоти машрубот, инчунин ҳама намуди маводи мухаддир манъ аст."Толибҳо эълон карданд, ки "иҷрои ин фармон ҳатмист. Нафароне, ки фармони мазкурро нақз мекунанд, аз ҷониби мақомҳои додгоҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд", - гуфтааст намояндаи толибҳо.Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, баровардани шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
https://sputnik.tj/20220331/amirabdullohiyon-afghoniston-tashkili-davlati-farogir-1047228598.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045716682_5:0:921:687_1920x0_80_0_0_2acc93cd8280a14cb139b1af815a4762.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кукнор, толибон, кишт, ҳукумат
афғонистон, кукнор, толибон, кишт, ҳукумат
Манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон аз сӯйи толибон
12:57 03.04.2022 (Навсозишуда: 14:22 04.04.2022) Ҳукумати феълии Афғонистон, гурӯҳи толибон эълон кардааст, ки кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Толибҳо дар бораи манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон фармон содир ва эълон карданд, ҳар нафаре, ки фармони мазкурро нақз мекунанд “тибқи шариат” ҷазо дода мешаванд, иттилоъ додааст РИА "Новости".
“Бо фармони раҳбари олии Иморати Исломии Афғонистон (номи кишваре, ки толибҳо истифода мекунанд) ба ҳамаи афғонҳо мерасонем, ки аз ин ба баъд дар саросари кишвар кишти хашхош қатъиян манъ карда мешавад”, - иттилоъ додааст сухангӯи толибҳо Билол Каримӣ.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳосил кошташуда нобуд карда мешавад ва нисбати нафароне, ки фармонро нақз мекунанд, "тибқи қонуни шариат" чораҳо дида мешавад.
Илова бар ин аз сӯйи толибҳо истеъмол, ҳамлу нақл, тиҷорат, содирот ва воридоти машрубот, инчунин ҳама намуди маводи мухаддир манъ аст.
"Толибҳо эълон карданд, ки "иҷрои ин фармон ҳатмист. Нафароне, ки фармони мазкурро нақз мекунанд, аз ҷониби мақомҳои додгоҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд", - гуфтааст намояндаи толибҳо.
Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, баровардани шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.