https://sputnik.tj/20220403/khatlon-naqsha-davat-ijro-1047313826.html
Дар се навоҳии Хатлон нақшаи сарбозгирӣ иҷро шуд
Дар се навоҳии Хатлон нақшаи сарбозгирӣ иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Барои соҳибихтисос кардани даъватшавандагон ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ онҳоро дар курсҳои ронандагӣ омода мекунанд
2022-04-03T16:55+0500
2022-04-03T16:55+0500
2022-04-04T13:44+0500
дар тоҷикистон
хатлон
амният ва мудофиа
иҷрои нақшаи даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_222:0:1815:896_1920x0_80_0_0_f80a7fa456621701bf8c5b492fc93a79.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Хатлон аз иҷро шудани нақшаи даъват дар се ноҳия хабар дода шуд.Ба иттилои "Фараж", дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ се ноҳия, аз ҷумла Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувон нақшаро пурра иҷро намуданд.Гуфта мешавад, дар маъракаи даъвати ҷавоно ба артиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ иштирок намуд.Ӯ қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо барои cоҳибихтисос кардани даъватшавандагон ба маблағи 1 322 780 сомонӣ дар курсҳои ронандагӣ масраф мекунанд.Ҳамзамон аз ҳисоби “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” 205 даъватшаванда дар курсҳои кӯтоҳмуддати кафшергарӣ, ошпазӣ, устои барқ, сартарошӣ, компютерӣ ва сантехникӣ омода карда шудаанд.Ёдовар мешавем, ки дар даъвати баҳории имсола низ ба мисли солҳои қаблӣ ВМКБ дар рӯзи аввали даъват нақшаашро иҷро кард.ВМКБ панҷ сол боз, аз соли 2018 мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбиро аввалин шуда иҷро мекунад.Ба рӯйхати пешсафон навоҳии минтақаи Рашт низ имсол шомил шудаанд.Ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд.
https://sputnik.tj/20220401/viloyat-nohiyai-naqsha-davat-anjom-1047283550.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_421:0:1616:896_1920x0_80_0_0_aff4c2ae0a3ffc8d7d0df88fb41e3dc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон нақшаи даъват
Дар се навоҳии Хатлон нақшаи сарбозгирӣ иҷро шуд
16:55 03.04.2022 (Навсозишуда: 13:44 04.04.2022) Барои соҳибихтисос кардани даъватшавандагон ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ масраф мешавад, то онҳо дар курсҳои ронандагӣ таҳсил кунанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Хатлон аз иҷро шудани нақшаи даъват дар се ноҳия хабар дода шуд.
Ба иттилои "Фараж", дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ се ноҳия, аз ҷумла Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувон нақшаро пурра иҷро намуданд.
Гуфта мешавад, дар маъракаи даъвати ҷавоно ба артиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ иштирок намуд.
Ӯ қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо барои cоҳибихтисос кардани даъватшавандагон ба маблағи 1 322 780 сомонӣ дар курсҳои ронандагӣ масраф мекунанд.
Ҳамзамон аз ҳисоби “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” 205 даъватшаванда дар курсҳои кӯтоҳмуддати кафшергарӣ, ошпазӣ, устои барқ, сартарошӣ, компютерӣ ва сантехникӣ омода карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даъвати баҳории имсола низ ба мисли солҳои қаблӣ ВМКБ дар рӯзи аввали даъват нақшаашро иҷро кард.
ВМКБ панҷ сол боз, аз соли 2018 мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбиро аввалин шуда иҷро мекунад.
Ба рӯйхати пешсафон навоҳии минтақаи Рашт низ имсол шомил шудаанд.
Ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд.