Вазорати маорифи толибон: Бозгушоии макотиби духтарона аз салоҳияти роҳбарӣ аст

© Sputnik / Valery Melnikov  / Гузариш ба медиабонкУченики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Вазорати маорифи толибон мегӯяд, ки масъалаи бозгушоии макотиби духтарона болотар аз синф шашум дар Афғонистон аз салоҳиятҳои роҳбари ин гурӯҳ аст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Вазорати маорифи толибон мегӯяд, ки масъалаи боз кардани мактабҳои духтаронаи болотар аз синфи шашум дар ин кишвар аз салоҳиятҳои раҳбарии ин гурӯҳ аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Ифтитоҳи мактабҳои духтаронаи синфҳои ҳафтум то дувоздаҳум аз салоҳиятҳои раҳбарияти иморати исломӣ аст. Ҳар гоҳе ки раҳбарияти иморати исломӣ дастури боз кардани дубораи мактабро медиҳад, Вазорати маориф омодааст, ки ҳама мактабҳои духтаронаро дар як рӯз боз кунад”, - гуфт Азиз Аҳмад Райан, сухангӯи Вазорати маориф.
Мактабҳои духтаронаи болотар аз синфи шашум бояд дар моҳи март кушода мешуданд, аммо ин корро роҳбарияти толибон ба мавқуф гузоштанд.
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Ҳикматиёр: Амрико бо чопи пул бахши бузургашро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат хоҳад гузошт
Толибон дар моҳи март, пас чанд соат боз шудани мактабҳои миёнаи духтарона, боз дари мактабҳоро дубора ба рӯи муҳассилини духтар бастанд.
Ин иқдоми толибон дар дохил ва хориҷ аз Афғонистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.
Лентаи хабарҳо
0