https://sputnik.tj/20220403/fp-ima-jahon-rusiya-muttahid-1047310628.html
FP: ИМА натавонист ҷаҳонро бар зидди Русия муттаҳид созанд
FP: ИМА натавонист ҷаҳонро бар зидди Русия муттаҳид созанд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигорӣ расонаи Foreign Policy навиштааст, ки ИМА натавонистанд ҷаҳонро бино бар вазъи Украина бар зидди Русия муттаҳид созанд
2022-04-03T13:55+0500
2022-04-03T13:55+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
има
дар ҷаҳон
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101360/71/1013607194_0:169:3038:1878_1920x0_80_0_0_148682a407645a7bdee687ac24f97ec0.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина Иёлоти Муттаҳида натавонист ҷомеаи ҷаҳониро алайҳи Русия муттаҳид созад, менависад рӯзноманигор Колум Линч дар "Foreign Policy".“Ба ҷуз аз дӯстони наздиктарин ва муттаҳидони низомии Иёлоти Муттаҳида дар Ғарб ва Осиёи Шарқӣ аксарияти ҷаҳон ба боздории Русия бо Амрико ҳамроҳ нашуданд. Аксари кишварҳо бо Маскав равобити таърихӣ доранд, ки онҳо ба ин иқдом омода нестанд. Ин кишварҳо тарс доранд, ки муҳосираву боздории иқтисодии Русия ба онҳо зарари калон мерасонад ва боиси болоравии нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ мегардад”, - гуфт Линч.Рӯзноманигор кайд кард, ки аксари кишварҳо аз сиёсати ишғолгарии низомии Амрико ба Ховари Миёна норозӣ мебошанд. Дар натиҷа кишварҳои калидии Осиё ва Африқо талош доранд, ки ҳам бо ИМА ва ҳам бо Русия равобити хуб дошта бошанд ва ҳеҷ як кишвари африқоӣ алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ накард.Дар баробари ин ҳатто баъзе шарикони ИМА Вашингтонро бевосита дастгирӣ накарданд.“Дар Ховари Миёна, ки дар он ҷо шарикони калидии ИМА ҳастанд, ба монанди Исроил, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ ба даъватҳои ИМА барои инзивои Русия ва пайвастан ба таҳримҳои Амрико алайҳи Русия муқовимат кардаанд”, - гуфт Линч.Тавре рӯзноманигор тавзеҳ дод, муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои арабӣ ба далели мавқеи ҳукумати президент Ҷо Байден барои ҷанги Яман бад шуданд.Ҳиндустон, ки ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи зидди Русия дар СММ овоз надод, аз ИМА пуштибонӣ накард ва ҳоло дар мавриди воридоти нафти Русия музокира дорад. Гузашта аз ин раҳбарияти ин кишвар ба далели вазъи Украина Маскавро танқид накардааст, ёдовар шуд рӯзноманигор.Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизоми Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорон "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, Нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.Ҳайатҳои Русия ва Украина чаҳор марҳилаи гуфтугӯҳои рӯ ба рӯро дар Беларус ва Туркия анҷом дода, инчунин чанд бор онлайнӣ мулоқот карданд.
https://sputnik.tj/20220403/tramp-amriko-dahshat-iqtisod-bayden-aybdor-1047309440.html
https://sputnik.tj/20220402/oghoz-korkhona-mariupol-1047304820.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101360/71/1013607194_155:0:2884:2047_1920x0_80_0_0_ac8823820b514af45bcc3ba24db58d72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, има, амрико, муттаҳид, украина
русия, има, амрико, муттаҳид, украина
FP: ИМА натавонист ҷаҳонро бар зидди Русия муттаҳид созанд
13:55 03.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Рӯзноманигори маҷаллаи "Foreign Policy" навиштааст, ки ИМА натавонист ҷаҳонро бино бар вазъи Украина бар зидди Русия муттаҳид созад
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина Иёлоти Муттаҳида натавонист ҷомеаи ҷаҳониро алайҳи Русия муттаҳид созад, менависад рӯзноманигор Колум Линч дар "Foreign Policy".
“Ба ҷуз аз дӯстони наздиктарин ва муттаҳидони низомии Иёлоти Муттаҳида дар Ғарб ва Осиёи Шарқӣ аксарияти ҷаҳон ба боздории Русия бо Амрико ҳамроҳ нашуданд. Аксари кишварҳо бо Маскав равобити таърихӣ доранд, ки онҳо ба ин иқдом омода нестанд. Ин кишварҳо тарс доранд, ки муҳосираву боздории иқтисодии Русия ба онҳо зарари калон мерасонад ва боиси болоравии нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ мегардад”, - гуфт Линч.
Рӯзноманигор кайд кард, ки аксари кишварҳо аз сиёсати ишғолгарии низомии Амрико ба Ховари Миёна норозӣ мебошанд. Дар натиҷа кишварҳои калидии Осиё ва Африқо талош доранд, ки ҳам бо ИМА ва ҳам бо Русия равобити хуб дошта бошанд ва ҳеҷ як кишвари африқоӣ алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ накард.
Дар баробари ин ҳатто баъзе шарикони ИМА Вашингтонро бевосита дастгирӣ накарданд.
“Дар Ховари Миёна, ки дар он ҷо шарикони калидии ИМА ҳастанд, ба монанди Исроил, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ ба даъватҳои ИМА барои инзивои Русия ва пайвастан ба таҳримҳои Амрико алайҳи Русия муқовимат кардаанд”, - гуфт Линч.
Тавре рӯзноманигор тавзеҳ дод, муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои арабӣ ба далели мавқеи ҳукумати президент Ҷо Байден барои ҷанги Яман бад шуданд.
Ҳиндустон, ки ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи зидди Русия дар СММ овоз надод, аз ИМА пуштибонӣ накард ва ҳоло дар мавриди воридоти нафти Русия музокира дорад. Гузашта аз ин раҳбарияти ин кишвар ба далели вазъи Украина Маскавро танқид накардааст, ёдовар шуд рӯзноманигор.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизоми Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорон "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, Нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Ҳайатҳои Русия ва Украина чаҳор марҳилаи гуфтугӯҳои рӯ ба рӯро дар Беларус ва Туркия анҷом дода, инчунин чанд бор онлайнӣ мулоқот карданд.