Дар яке аз бемористонҳои Маскав сӯхтор сар зад - видео

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкПожарные во время тушения пожара, архивное фото
Пожарные во время тушения пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Сӯхтор дар ошёнаи панҷуми бинои шашошёнаи як муассисаи тиббӣ рух додааст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар беморхонаи марказии клиникии Академияи илмҳои Русия, дар хиёбони Литовскийи шаҳри Маскав сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Маълум аст, ки сӯхтор дар яке аз шуъбаҳои ошёнаи панҷуми бинои шашошёна сар задааст.
Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Як манбаъ ба "Интерфакс" гуфтааст, ки тамоми ошёнаи панҷуми бемористон оташ гирифтааст ва алангаи оташ метавонад то ба шашум табақа паҳн шавад.
Дар навбати худ, як қатор расонаҳо, аз ҷумла шабакаи телевизионии "360" дар бораи рафъи сӯхтор гузориш медиҳанд.
Пожар на складе , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Сӯхтор дар анбори нафти Белгород бар асари ҳамлаи нерӯҳои Украина сар зад - видео
Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, наҷотбахшон 12 нафарро аз бинои оташгирифта берун овардаанд. Се нафар аз наҷотёфтагон бемороне ҳастанд, ки аз пойи равон маҳруманд.
Майдони сӯхтор 25 метри мураббаъро ташкил додааст. Феълан дар ҷои ҳодиса шаш мошини ёрии таъҷилӣ кори худро идома медиҳанд. Дар бораи қурбониён дар ҳоли ҳозир маълумоте дар дастрас нест.
Лентаи хабарҳо
0