Сӯхтор дар анбори нафти Белгород бар асари ҳамлаи нерӯҳои Украина сар зад - видео

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПожар на складе , архивное фото
Пожар на складе , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Дар як анбори нафт дар Белгород бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои украинӣ сӯхтори бузурге рух дод
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сӯхтор дар анбори нафти Белгород бар асари ҳамлаи ҳавоии 2 чархболи нерӯҳои ҳавоии Украина рух додааст, гуфт губернатори Белгород Вячеслав Гладков.
Бино ба гузоришҳо, чархболҳо дар масофаи камтар аз замин вориди қаламрави Русия шудаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай аксу видеоҳое нашр мешаванд, ки гумон меравад, аз сӯхтор дар як анбори нафти Белгород бардошта шудаанд.
Ба иттилои "Роснефт", тахлияи тамоми минтақа аз кормандон анҷом шудааст. Сокинони 3 кӯчаи дигар, ки дар наздикии ин корхона маскунанд, ба ҷои бехавф мунтақил мешаванд.
Барои рафъи ҳодисаи изтирорӣ ҳудуди 70 нафар ва 20 адад техника ҷазб шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, бакҳои сӯзишворӣ то ҳол сӯхта истодаанд. Ба ин сӯхтор бо дараҷаи мураккаби баланд баҳогузорӣ шудааст.
Наҷотдиҳандагон талош доранд, то аз густариши оташ ба зарфҳои нафтдори ҳамсоя пешгирӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки хабар дар бораи сӯхтори бузург дар ҳудуди ҶСК "Белгороднефтепродукт" тахминан соати 05:51 ба вақти Маскав расонаӣ шуд.
Дарҳол чанде аз дастаҳои оташнишонӣ ва наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба ҷои ҳодиса рафтанд.
Лентаи хабарҳо
0