https://sputnik.tj/20220402/ukraina-oila-mahbuson-shantazh-1047295213.html
Омбудсмени ҶМЛ: Ҷониби Украина оилаҳои асиронро шантаж мекунад
Омбудсмени ҶМЛ: Ҷониби Украина оилаҳои асиронро шантаж мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Омбудсмени ҶМЛ мегӯяд, ҷониби Украина оилаҳои маҳбусонро шантаж карда, наздикони онҳоро таҳдид мекунад
2022-04-02T13:36+0500
2022-04-02T13:36+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
донбасс
қувваҳои мусаллаҳ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046200106_0:0:2899:1631_1920x0_80_0_0_42b70c668a62c9c0f7b72f84e7942ace.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҷониби Украина оилаҳои низомиёни асиршудаи Ҷумҳурии Мардумии Луганскро шантаж мекунад, мегӯяд Виктория Сердюкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ин ҷумҳурӣ дар мусоҳиба бо РИА "Новости"."Мо аллакай аз хешовандони низомиён, ки дар қаламрави Украина асир шудаанд, дархост гирифта истодаем. Онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабардор шуданд, дар саҳифаҳои онҳо паёмҳои видеоӣ аз хешовандонашон меоянд, ки хешовандонашон хизматчии милитсияи халқии Ҷумҳурии Мардумии Луганск ҳастанд", - шарҳ дод вай. Омбудсмен дар ин видеоҳо ба намуди зоҳирии маҳбусон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.Ҳатто дар сабт осори рӯшани зӯроварӣ - чеҳраҳои варамкарда, кӯфташуда нишон дода шудааст, таъкид кард ӯ. "Ва пас аз ирсоли чунин як паёми видеоӣ модарону занҳои мо скриншотҳои мукотибаро меоранд, дар он афродеро, ки наздиконашон дар асоратанд, бо таҳдиди куштани ҳам низомиён ва ҳам наздикони онҳо, маҷбур мекунанд, ки бо шиорҳо ба берун раванд ва бигӯянд, Донбасс Украина аст", - хулоса кард омбудсмен ва афзуд, ки фишори равонӣ ва маънавӣ болои наздикони маҳбусон хеле сахт аст. Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомӣ барои безараргардонӣ ва нозизудоии Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Тавре Вазорати дифоъ изҳор дошт, қувваҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. То 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳилаи якумро иҷро карданд - иқтидори ҷангии Украинаро хеле заиф гардониданд. Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
https://sputnik.tj/20220401/millatgaroyon-ukrain-uzbekistonro-ghorat-1047270848.html
донбасс
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046200106_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_8f0cc6caa264bcff85fb86db756f1cac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, низомиён, асирафтода
украина, низомиён, асирафтода
Омбудсмени ҶМЛ: Ҷониби Украина оилаҳои асиронро шантаж мекунад
13:36 02.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Омбудсмени ҶМЛ мегӯяд, ҷониби Украина оилаҳои маҳбусонро шантаж ва наздикони онҳоро таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҷониби Украина оилаҳои низомиёни асиршудаи Ҷумҳурии Мардумии Луганскро шантаж мекунад, мегӯяд Виктория Сердюкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ин ҷумҳурӣ дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
"Мо аллакай аз хешовандони низомиён, ки дар қаламрави Украина асир шудаанд, дархост гирифта истодаем. Онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабардор шуданд, дар саҳифаҳои онҳо паёмҳои видеоӣ аз хешовандонашон меоянд, ки хешовандонашон хизматчии милитсияи халқии Ҷумҳурии Мардумии Луганск ҳастанд", - шарҳ дод вай.
Омбудсмен дар ин видеоҳо ба намуди зоҳирии маҳбусон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
"Ҳангоми суҳбат аз даҳонашон бӯғ мебарояд, беболопӯш, дар тан либоси низомии оддӣ дар рӯи фарш, дасту пояшон бастааст", - гуфт Сердюкова.
Ҳатто дар сабт осори рӯшани зӯроварӣ - чеҳраҳои варамкарда, кӯфташуда нишон дода шудааст, таъкид кард ӯ.
"Ва пас аз ирсоли чунин як паёми видеоӣ модарону занҳои мо скриншотҳои мукотибаро меоранд, дар он афродеро, ки наздиконашон дар асоратанд, бо таҳдиди куштани ҳам низомиён ва ҳам наздикони онҳо, маҷбур мекунанд, ки бо шиорҳо ба берун раванд ва бигӯянд, Донбасс Украина аст", - хулоса кард омбудсмен ва афзуд, ки фишори равонӣ ва маънавӣ болои наздикони маҳбусон хеле сахт аст.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомӣ барои безараргардонӣ ва нозизудоии Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Тавре Вазорати дифоъ изҳор дошт, қувваҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
То 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳилаи якумро иҷро карданд - иқтидори ҷангии Украинаро хеле заиф гардониданд. Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.