Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Миллатгароёни украинӣ мошинҳои боркаш аз Ӯзбекистонро ғорат карданд - видео

© Sputnik / Владимир Корнев / Гузариш ба медиабонкГрузовики на границе
Грузовики на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Дар Мариупол миллатгароёни гурӯҳи "Азов" шаҳрвандони Ӯзбекистонро 23 рӯз дар асорат нигоҳ доштаанд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Мариупол ҷангҷӯёни гурӯҳи “Азов” мошинҳои борбарро аз ронандагони Ӯзбекистон гирифтанд. Дар ин бора хабаргузории "Sputnik хориҷи наздик" хабар медиҳад.
Ин ронандагон Ӯзбекистонро 13 феврал тарк карда буданд. Дар мошинҳои боркаш синк будааст. Ронандагон рӯзи 23 феврал ба Украина, яъне ба Мариупол расидаанд.
Тавре худи ронандагон дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Андрей Руденко гуфтанд, 24 феврал ронандагон бояд металлро дар Мариупол, дар ҳудуди комбинати оҳани Илич холӣ мекарданд.
Аммо ба ӯзбекҳо лозим омад, ки аз сабаби халалдор шудани борфарорӣ таъхир кунанд.
Баъдан ҷангҷӯёни "Азов" ба қаламрави корхона омада, аз чаҳор мошини боркаши Ӯзбекистон дуашро бо худ бурданд. Аз ду мошини боқимонда миллатгароёни украинӣ батареяҳо ва қисмҳои эҳтиётияшонро гирифта ва сӯзишвории онҳоро холӣ кардаанд.
Ба қавли ронандагон, онҳо 23 рӯз дар асорати ҷангҷӯён қарор доштанд.
Талоши ронандагон дар хусуси тавзеҳи ин қазия, ки онҳо шаҳрвандони дигар кишваранд ва ба Украинаву Русия рабте надоранд, натиҷа надодааст. Ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, ба ҷуз аз ӯзбекҳо, ҳудуди 50 ғайринизомӣ низ чанд рӯз боз дар қаламрави корхона қарор доштанд ва онҳо низ бо истифода аз зӯр боздошт шудаанд.
Баъдтар ин мардон тавонистаанд ба сӯи деҳа фирор ва 9 рӯзро дар он ҷо сипарӣ карданд. Ба гуфтаи ронандагон, миллатгароёни украинӣ онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд. Баъдан сокинони осоиштаи маҳаллӣ ба онҳо барои гузаштан ба ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Донетск кумак кардаанд.
Дар он ҷо онҳоро нерӯҳои ҶМД онҳоро пешвоз гирифта, дар макони бехавф ҷой додаанд. Ба қарибӣ ронандагон ба хонаҳояшон мераванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорон дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0