Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Косачёв гуфт, Русия саъй надорад, ки "империяи шӯравӣ"-ро барқарор кунад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкГерб СССР
Герб СССР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои Федератсия Косачёв гуфт, Русия дар пайи барқарор кардани "империяи шӯравӣ" нест
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Русия ҷаҳонро ба нафъи умум, на ба манфиатҳои блокҳо месозад, дар бораи барқарорсозии "империяи шӯравӣ" гап нест, навиштааст муовини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачёв дар канали "Telegram"-и худ.
"Он чӣ, ки ҳоло рух дода истодааст, ба ниятҳои ба Русия нисбат додани "империяи шӯравӣ" рабте надорад. Он чизе, ки ҳоло рух дода истодааст, воқеан ин аст, ки ҷараёни таърихро аз тамоюле, ки дар асри гузашта ҳукмфармо буд, дур мекунад...", — гуфт сиёсатмадор.
Ба гуфтаи вай, таърих ҳама чизро ба ҷои худ мегузорад. "Охир, кишвари мо дар ҷангҳои асрҳои ХХ ва XXI, умуман ҳеҷ гоҳ ба касе таслим нашуда буд. Ва ин барои онҳое, ки садсола боз бо мо ҷанг карданӣ ҳаст, дарси ибрат бояд бошад", - навиштааст Косачёв.
Матеуш Моравецкий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Сарвазири Лаҳистон эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия кор намекунанд
"Ва Русия сохтани ҷаҳонро "бо манфиатҳои умумӣ, на блокҳо, новобаста аз он ки рақибони мо чӣ қадар кӯшиш кунанд, ки воқеаҳои ҳозирро таҳриф кунанд, давом медиҳад", - афзуд ӯ.
Зеро ин дар баробари амнияти миллии худ ва некуаҳволии шаҳрвандони худ манфиати миллӣ аст, қайд кард Косачёв.
"Ин аст он чизе, ки кишвари моро аз "Ғарби дастаҷамъӣ" фарқ мекунонад, ки мисли ҳамеша, худхоҳона ва тамаъкорона амал мекунад, новобаста аз ақли солим ва касеро, ки берун аз доираи бениҳоят танги манфиатҳои худашон ҳастанд, мушоҳида намекунад", - хулоса кард сиёсатмадор.
Путин бо Тоқаев вазъи Украинаро баррасӣ кард
Президенти Русия, рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ - озодкунии Донбасс номида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0