Бо иқдоми Озода Раҳмон муассисаи таҳсилоти калонсолони нобино дар Ваҳдат таъмир шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанГлава администрации президента Озода Рахмон, архивное фото
Глава администрации президента Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Корҳои сохтмониро бевосита устодону кормандони академия аз тариқи ҳашар иҷро карданд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Бо иқдоми раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ - Озода Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат муассисаи таҳсилоти наврасону калонсолони нобино ва сустбин таъмир шуд.
Муассисаи таҳсилоти калонсолони нобино таъмир шуд
Дар ин бора Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Аз ҷумла, 3 синфхонаи нав бо долони васеъ барои 100 ҷойи нишаст, даромадгоҳи бино, 70 метр роҳрав, боми бино бо маблағи 130 ҳазор сомонӣ пурра навсозӣ гардидаанд, менависад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳои дарсӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Зикр мешавад, ки корҳои сохтмониро бевосита устодону кормандони академия аз тариқи ҳашар анҷом додаанд.
Саидзода Рахимджон Хамро, новый министр образования Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ
Ҳамчунин ба муассиса 4 адад компютер ва як адад принтери махсус барои шахсони нобино тақдим карда мешавад.
Ин бино тайи 50 соли охир рӯи таъмири асосиро надида буд ва дар фаслҳои зимистону баҳор барои муҳассилин мушкил пеш меомад.
Муассисаи таҳсилоти умумии асосии ғоибонаи наврасону калонсолони нобинову сустбин ва Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни “Нури чашм”-и шаҳри Ваҳдат аз муассисаҳое ба шумор меравад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим доранд.
Дар ин муассисаҳо, кӯдакону наврасони нобино, сустбин, инчунин фарзандони маъюб аз оилаҳои ниёзманд, афроди бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0