https://sputnik.tj/20220330/dastur-saidzoda-vazifa-dastgiri-omuzgor-1047194055.html
Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ
Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нави маорифи Тоҷикистон қасд дорад, мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорад
2022-03-30T13:52+0500
2022-03-30T13:52+0500
2022-03-30T19:09+0500
вазир
маориф
супориш
ислоҳот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:172:400:397_1920x0_80_0_0_a38758486049d4e3cf58a04b0e9e2739.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода барои ба вазифаҳо таъйин намудани мутахассисони варзида, тағйири шакли имтиҳонсупорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба масъулин супориш дод.Вазир ба ин нукот зимни натиҷагирӣ аз санҷиши кор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таъкид кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати маориф.Ӯ ба иҷрои дастуру супоришҳои президент дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таъкид намудааст.Вазир гуфтааст, ки ҳадаф аз санҷиш ва баррасии натиҷаи он ислоҳи камбудиҳо дар кутоҳтарин муҳлат мебошад.Саидзода аз тарзи имтиҳонсупорӣ изҳори нигаронӣ ва таъкид кардааст, ки дар фаъолияти маркази тестии назди донишгоҳ таҷдиди назар, раванди рейтингҳо аз ҷониби омӯзгорон баҳогузорӣ ва имтиҳонҳо бо ширкати омӯзгорон ба роҳ монда шаванд. Инчунин вазир супориш додааст, ки ба назорати ширкати донишҷӯён дар дарс, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон диққат дода шавад. Вазир ҳамчунин супориш додааст, ки ба вазифаҳои мудири кафедра ва ҷонишинони деканҳо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ таъйин карда шаванд.Аз манъи билету китобфурӯшӣ то пулҷамъкунӣ. Дастури вазир баъди суҳбати ошкорои омӯзгоронЗиёд намудани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, даст кашидан аз лексияҳои маъмулӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, тайёр намудани мутахассисони варзида ва дар умум баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар муассисаҳову ҷомеа аз ҷумлаи дигар дастуру супоришҳо вазир будаанд.
https://sputnik.tj/20220318/vazorat-maorif-maqomi-kholi-ozmun-1046895264.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:165:326:410_1920x0_80_0_0_430b35ecbfbf364b607152274527bf51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазири маориф, имтиҳонсупорӣ, маориф, тоҷикистон
вазири маориф, имтиҳонсупорӣ, маориф, тоҷикистон
Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ
13:52 30.03.2022 (Навсозишуда: 19:09 30.03.2022) Вазири нави маорифи Тоҷикистон қасд дорад, мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорад ва шакли имтиҳонсупориро тағйир диҳад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода барои ба вазифаҳо таъйин намудани мутахассисони варзида, тағйири шакли имтиҳонсупорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба масъулин супориш дод.
Вазир ба ин нукот зимни натиҷагирӣ аз санҷиши кор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таъкид кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати маориф.
Ӯ ба иҷрои дастуру супоришҳои президент дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таъкид намудааст.
Вазир гуфтааст, ки ҳадаф аз санҷиш ва баррасии натиҷаи он ислоҳи камбудиҳо дар кутоҳтарин муҳлат мебошад.
Саидзода аз тарзи имтиҳонсупорӣ изҳори нигаронӣ ва таъкид кардааст, ки дар фаъолияти маркази тестии назди донишгоҳ таҷдиди назар, раванди рейтингҳо аз ҷониби омӯзгорон баҳогузорӣ ва имтиҳонҳо бо ширкати омӯзгорон ба роҳ монда шаванд.
Инчунин вазир супориш додааст, ки ба назорати ширкати донишҷӯён дар дарс, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон диққат дода шавад.
Вазир ҳамчунин супориш додааст, ки ба вазифаҳои мудири кафедра ва ҷонишинони деканҳо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ таъйин карда шаванд.
Зиёд намудани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, даст кашидан аз лексияҳои маъмулӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, тайёр намудани мутахассисони варзида ва дар умум баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар муассисаҳову ҷомеа аз ҷумлаи дигар дастуру супоришҳо вазир будаанд.