https://sputnik.tj/20220402/ima-sulh-rusiya-ukraina-namekhohad-1047296944.html
"Global Times": ИМА сулҳ миёни Русия ва Украинаро намехоҳад
"Global Times": ИМА сулҳ миёни Русия ва Украинаро намехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони чинӣ ба ангезаҳои аслии Кохи Сафед ишора мекунанд, ки дар ҷустуҷӯи манфиатҳо дар муноқишаи Украина ҳастанд
2022-04-02T15:00+0500
2022-04-02T15:00+0500
2022-04-04T18:34+0500
има
дар русия
украина
созиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044243656_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ada53718175151f189b4a7adc81b8b07.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Амалҳои Вошингтон нишон медиҳад, ки ИМА хоҳони поёни амалиёти вижаи Русия дар Украина ва коҳиши шиддати низоъ нест. Ин хулосаро нашрияи чинии "Global Times" додааст. Муаллифи матлаб менависад, "Иёлоти Муттаҳида намехоҳад, ки Русия ва Украина ба таври осоишта ҳамзистӣ кунанд".Пеш аз ҳама ба ин майл надоштани Кохи Сафед ба сифати кафили амният дар назди Киев шаҳодат медиҳад, ҳарчанд чунин иқдом раванди музокиротро ба таври қобили мулоҳиза тӯл медиҳад. Ҳамзамон Амрико ба интиқоли миқдори зиёди силоҳҳои марговар ва дигар кӯмакҳои низомӣ идома медиҳад, ки Украинаро бештар аз Ғарб вобаста мекунад, менависад нашрия. Ба гуфтаи профессори Донишгоҳи корҳои хориҷии Чин Ли Ҳайдун, сиёсати ИМА дар ҳоли ҳозир ба талош барои расидан ба ду ҳадаф нигаронида шудааст: таҳкими назорат бар Аврупо ва заиф кардани Русия.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220328/patrushev-ima-avrupo-emoli-tahrimho-rusiya-1047147154.html
https://sputnik.tj/20220317/chin-hall-buhron-ukraina-nato-ima-1046876942.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/12/1044243656_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_bc58fba16733c54d3cedc83621a887c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има сулҳ русия украина
"Global Times": ИМА сулҳ миёни Русия ва Украинаро намехоҳад
15:00 02.04.2022 (Навсозишуда: 18:34 04.04.2022) Коршиносони чинӣ ба ангезаҳои аслии Кохи сафед ишора мекунанд, ки дар ҷустуҷӯи манфиатҳо дар муноқишаи Украина аст
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Амалҳои Вошингтон нишон медиҳад, ки ИМА хоҳони поёни амалиёти вижаи Русия дар Украина ва коҳиши шиддати низоъ нест.
Ин хулосаро нашрияи чинии "Global Times" додааст.
Муаллифи матлаб менависад, "Иёлоти Муттаҳида намехоҳад, ки Русия ва Украина ба таври осоишта ҳамзистӣ кунанд".
Пеш аз ҳама ба ин майл надоштани Кохи Сафед ба сифати кафили амният дар назди Киев шаҳодат медиҳад, ҳарчанд чунин иқдом раванди музокиротро ба таври қобили мулоҳиза тӯл медиҳад.
Ҳамзамон Амрико ба интиқоли миқдори зиёди силоҳҳои марговар ва дигар кӯмакҳои низомӣ идома медиҳад, ки Украинаро бештар аз Ғарб вобаста мекунад, менависад нашрия.
Ба гуфтаи профессори Донишгоҳи корҳои хориҷии Чин Ли Ҳайдун, сиёсати ИМА дар ҳоли ҳозир ба талош барои расидан ба ду ҳадаф нигаронида шудааст: таҳкими назорат бар Аврупо ва заиф кардани Русия.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.