ВМКБ дар рӯзи аввал нақшаи даъвати баҳорӣ ба сарбозиро 102 фоиз иҷро кард

© SputnikРоссийско-таджикские учения на полигоне Фахрабад
Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон панҷ сол боз дар иҷрои нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати баҳорӣ ба сарбозиро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд.
Рӯзи 1 апрел дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии вилоят ба ифтихори нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ тантанаҳои идона оғоз гардиданд.
Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба раиси комиссияи ВМКБ оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ Умедҷон Носирзода.
Призывники в армию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Ҷавонон дар Шуғнон ба нуқтаи даъват омадаанд, ки ба аскарӣ раванд
Ёдовар мешавем, 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфт.
Ногуфта намонад, ки ВМКБ панҷ сол боз, аз соли 2018 ВМКБ дар ҳамаи мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар нахустин шуда, нақшаро иҷро мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Писари як мақоми "Роҳи оҳан" хидмати сарбозӣ меравад: фарзандони мансабдорони дигар чӣ?
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0