https://sputnik.tj/20220328/javonon-shughnon-hukumat-askari-1047138799.html
Ҷавонон дар Шуғнон ба нуқтаи даъват омадаанд, ки ба аскарӣ раванд
Ҷавонон дар Шуғнон ба нуқтаи даъват омадаанд, ки ба аскарӣ раванд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ноҳияи Шуғнон ба даҳҳо ҷавоне, ки ихтиёран ба мақомот ҳозир шуда, довталабона ба хизмати ҳарбӣ рафтаниянд, изҳори миннатдорӣ кард
2022-03-28T18:10+0500
2022-03-28T18:10+0500
2022-03-28T18:44+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
ҳарбӣ
хидмат
камбудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042786497_0:362:2995:2047_1920x0_80_0_0_66cc0043d2f58d6855f26222e9672868.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳудуди 50 ҷавони синни хидмати ҳарбӣ ба нуқтаи даъват ҳозир шуда, довталабона хостори хидмат дар артиш шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати ноҳияи Шуғнони ВМКБ хабар дода, зикр намуд, ки расман даъват 1 апрел оғоз мегардад. Ҷумъа Ҷумъазода, раиси ноҳияи Шуғнон бо довталабони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ мулоқот карда, барои чунин иқдоми ҷавонмардонаашон сипос гуфтааст. Таъкид шудаст, ки ҷавонписарони синни даъват танҳо пас аз гузаштани комиссияи тиббӣ ва қобили хидмат дониста шуданашон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати баҳории наваскарон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, аз аввали апрел то охири май идома меёбад. Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ маҳфили фарҳангӣ-фароғатие низ баргузор мешавад. Дар мавсимҳои гузашта навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати ҷавононро иҷро мекарданд. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ахиран зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки камбудиҳои қаблан ҷойдошта рафъ шаванду ҳамкорӣ бо мардум таҳким бахшида шавад. Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дастур дод. Маҷлиси миллии Тоҷикистон ахиран бо қабули як қарор Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳуриро муваззаф кард, ки назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият бахшад.
https://sputnik.tj/20220323/parlumon-jilavgiri-amal-ghayrioinnomavi-tojikiston-1047003506.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042786497_266:0:2995:2047_1920x0_80_0_0_0cee4f04325906128abcd048552efef8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доваталабӣ, ҷавонон, хидмат, ҳарбӣ, шуғнон
доваталабӣ, ҷавонон, хидмат, ҳарбӣ, шуғнон
Ҷавонон дар Шуғнон ба нуқтаи даъват омадаанд, ки ба аскарӣ раванд
18:10 28.03.2022 (Навсозишуда: 18:44 28.03.2022) Раиси ноҳияи Шуғнон ба даҳҳо ҷавоне, ки ихтиёрӣ ба мақомот ҳозир шуда, довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафтаниянд, изҳори миннатдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳудуди 50 ҷавони синни хидмати ҳарбӣ ба нуқтаи даъват ҳозир шуда, довталабона хостори хидмат дар артиш шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати ноҳияи Шуғнони ВМКБ хабар дода, зикр намуд, ки расман даъват 1 апрел оғоз мегардад.
"Аз ин рӯ ба ҷавонони ноҳияи Шуғнон тавсия дода шуд, ки 1 апрели соли ҷорӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаранд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷумъа Ҷумъазода, раиси ноҳияи Шуғнон бо довталабони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ мулоқот карда, барои чунин иқдоми ҷавонмардонаашон сипос гуфтааст.
Таъкид шудаст, ки ҷавонписарони синни даъват танҳо пас аз гузаштани комиссияи тиббӣ ва қобили хидмат дониста шуданашон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд.
Даъвати баҳории наваскарон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, аз аввали апрел то охири май идома меёбад.
Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ маҳфили фарҳангӣ-фароғатие низ баргузор мешавад. Дар мавсимҳои гузашта навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати ҷавононро иҷро мекарданд.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ахиран зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки камбудиҳои қаблан ҷойдошта рафъ шаванду ҳамкорӣ бо мардум таҳким бахшида шавад.
Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дастур дод.
Маҷлиси миллии Тоҷикистон ахиран бо қабули як қарор Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳуриро муваззаф кард, ки назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият бахшад.