https://sputnik.tj/20220323/parlumon-jilavgiri-amal-ghayrioinnomavi-tojikiston-1047003506.html
Қарори парлумон барои ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон
Қарори парлумон барои ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Тоҷикистон додситони кулли кишварро музваззаф намуд, ки назорати риоияи қонунгузорӣ дар артиши ҷумҳуриро таҳким бахшад.
2022-03-23T09:38+0500
2022-03-23T09:38+0500
2022-03-23T12:44+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
артиш
юсуф раҳмон
додситонии кулл
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931366_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_859d3100532abb45d00a1154c22bd2b3.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Амалҳои ғайриоинномавӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки боиси расондани зарари ҷисмонӣ ва фавти сабозон мегарданд, пешгирӣ шаванд, дастур дод Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ. Бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ, ки дар пайи гузориши ахири Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ба парлумон қабул гардид, риояи қонунгузорӣ дар артиш аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад. Тибқи ин қарор, додситони кулли Тоҷикистон муваззаф шудааст, назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият намояд. Ин дар ҳолест, сарусадо атрофи муносиботи ғайриоинномавӣ, ки баъзан бо ҷароҳату марги сарбозон меанҷоманд, аз омилҳои гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ арзёбӣ мешавад. Гарчанде ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ аз талабот ба маротиб зиёдтар мебошанд. Юсуф Раҳмон, дар гузориши ахираш ба парлумон гуфт, додситонҳо риояи қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро санҷида, ҳолатҳои қонуншиканиро ошкор кардаанд. "Қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 бор санҷида шуда, аз натиҷаи онҳо 1490 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд", - изҳор дошт додситон.Бар асоси омори расмӣ, нақзи қонун дар артиш низ афзоиш ёфтааст.Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки камбудиҳои қаблан ҷойдошта рафъ шаванд.Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта супориш дод.
https://sputnik.tj/20220211/hakimzoda-khidmatgurezi-javonon-farzandon-mansabdoron-1045757197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931366_256:0:1792:1152_1920x0_80_0_0_c5b390fa1d8d9412038197ff77c6ef4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, қонуншиканӣ, артиш, хотима
раҳмон, қонуншиканӣ, артиш, хотима
Қарори парлумон барои ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон
09:38 23.03.2022 (Навсозишуда: 12:44 23.03.2022) Маҷлиси миллии Тоҷикистон додситони кулли кишварро музваззаф намуд, ки назорати риоияи қонунгузорӣ дар артиши ҷумҳуриро таҳким бахшад
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Амалҳои ғайриоинномавӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки боиси расондани зарари ҷисмонӣ ва фавти сабозон мегарданд, пешгирӣ шаванд, дастур дод Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ.
Бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ, ки дар пайи гузориши ахири Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ба парлумон қабул гардид, риояи қонунгузорӣ дар артиш аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад.
Тибқи ин қарор, додситони кулли Тоҷикистон муваззаф шудааст, назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият намояд.
"Ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои ғайриоинномавӣ, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, чораҳои қатъӣ андешад", - таъкид шудааст дар қарор.
Ин дар ҳолест, сарусадо атрофи муносиботи ғайриоинномавӣ, ки баъзан бо ҷароҳату марги сарбозон меанҷоманд, аз омилҳои гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ арзёбӣ мешавад. Гарчанде ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ аз талабот ба маротиб зиёдтар мебошанд.
Юсуф Раҳмон, дар гузориши ахираш ба парлумон гуфт, додситонҳо риояи қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро санҷида, ҳолатҳои қонуншиканиро ошкор кардаанд.
"Қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 бор санҷида шуда, аз натиҷаи онҳо 1490 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд", - изҳор дошт додситон.
Бар асоси омори расмӣ, нақзи қонун дар артиш низ афзоиш ёфтааст.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки камбудиҳои қаблан ҷойдошта рафъ шаванд.
Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта супориш дод.