Дар Суғд марҳилаи қабули хонандагону омӯзгорон ба мактаби тозабунёди Русия оғоз шуд

© Пресс-служба президента Таджикистана На уроке в школе
На уроке в школе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд барои қабули хонандагон ва омӯзгорони соҳибтарҷиба ба мактаби муосир, ки сохтмонаш аз ҷониби Федератсияи Русия ҷараён дорад, озмун эълон намудааст
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд барои қабули хонандагон ва омӯзгорони соҳибтарҷиба ба мактаби муосир, ки сохтмонаш аз ҷониби Федератсияи Русия ҷараён дорад, озмун эълон намудааст
Муқим Болтуев, мушовири бахши маорифи шаҳри Хуҷанд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло марҳилаи сабти номи хонандагон ва омӯзгорон, ки хоҳиши таҳсилу кор дар ин мактабро доранд, шуруъ шудааст.

“Барои қабул шудан дар ин мактаб хонандагону омӯзгорон дар асоси хулосаи ҳакамони озмун, ки аз ҳисоби Вазорати маорифи Федератсияи Русия ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ташкил шудаанд, қабул карда мешаванд”, – гуфт Болтуев.

Бино бар эълони шуъбаи маорифи Хуҷанд барои иштирок ба озмун пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд, маълумотномаи ҷойи иқомат ва ду дона акс бо андозаи 3х4 барои хонандагон ҳатмӣ будааст.
Школа в Деваштиче - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Пули барқ, сарфу харҷ ва замину манзил. Дар Суғд имтиёзи омӯзгоронро барқарор мекунанд
Барои омӯзгорон дар баробари аризаи иштирок дар озмун нусхаи дипломи донишгоҳ, нусхаи шиноснома, маълумотнома дар бораи тахассус, маълумотнома аз ҷойи кор, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, маълумотномаи тиббӣ ва чаҳор дона акси 3х4 талаб карда мешавад.
Сохтмони мактаби муосири Русия дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад. Ҳукумати шаҳр моҳи сентябри соли қаблӣ барои бунёди ин мактаб беш аз 6 га замин ҷудо намуда буд.
Бинои мактаби нави русӣ дар Хуҷанд аз се ошёна иборат буда, дар канори он майдони футбол, воллейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш дар назар дошта шудааст. Дар дохили мактаб бунёди толори зимистонаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Школьники на уроке труда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди макотиби нав кумак хост: вазир гуфт, аҳолӣ зиёд шуд
Қаблан Осим Каримзода, сардори идораи маорифи Суғд иттилоъ дода буд, мактабе, ки аз ҷониби Русия бунёд мешавад, дорои шароити комили таълимӣ буда, барои хонандагону омӯзгорон сохтмони хобгоҳ ҳам дар назар аст.
Cохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳри кишвар - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар идома дошта, тавони қабули беш аз 1200 хонандаро дорад.
Гуфта мешавад, Русия барои сохтмони ин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.
Сохтмони мактабҳои нав аз ҷониби Русия то моҳи август ба анҷом расонида шуда, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дари ҳар кадоми онҳо ба рӯи толибилмони тоҷик боз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0