https://sputnik.tj/20220401/rusiya-muhojiron-iqomat-doimi-1047266484.html
Дар Русия қасд доранд ба муҳоҷирон иҷозаи иқомати доимӣ диҳанд: кӣ метавонад дархост кунад
Дар Русия қасд доранд ба муҳоҷирон иҷозаи иқомати доимӣ диҳанд: кӣ метавонад дархост кунад
Sputnik Тоҷикистон
Баъзе категорияҳои хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, метавонанд иҷозатномаи иқомати бемуҳлат гиранд
2022-04-01T14:45+0500
2022-04-01T14:45+0500
2022-04-01T16:18+0500
дар русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102989/13/1029891396_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_45ffc6585273b2ceae5fa7aa48cacb2d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Мақомоти Русия масъалаи додани иҷозаи иқомат ба тоифаҳои муайяни шаҳрвандони хориҷиро баррасӣ мекунанд. Ҳамин тавр, кадрҳои баландихтисос, ки аз хориҷи кишвар барои кор ба Русия омадаанд, метавонанд барои гирифтани чунин иҷозатномаи иқомат муроҷиат кунанд. Лоиҳаи қонуни дахлдори Вазорати рушди иқтисод дар ин хусус аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Русия дастгирӣ ёфт.Тавре аз матни санад бармеояд, агар мутахассиси хориҷӣ дар Русия на камтар аз 2 сол кор карда, андоз супорад ва иҷозаи иқомат дошта бошад, ба чунин корманд бояд иҷозаи иқомати бемуҳлат дода шавад. Андозаи музди кори чунин мутахассис низ пешбинӣ шудааст, он дар як семоҳа на камтар аз 750 ҳазор рубл бошад.Ҳадаф аз ин навовариҳо имкони нигоҳ дошатни мутахассисон дар Русия гуфта мешавад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар баъзе минтақаҳои Русия хуруҷи муҳоҷирони корӣ ба мушоҳида мерасад. Коршиносон қайд мекунанд, ки то ҳол ҷамъӣ тарки кор кардани коргарони хориҷӣ аз сохтмонҳо Русия мушоҳида нашудааст, аммо тамоюли ин раванд ба назар мерасад.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия рафтанӣ нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд, бинобар ин шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.Раиси Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов низ ба ҳамин назар аст. Федерасия сабаби ихтисори оммавии хориҷиёнро аз кор намебинад. Ҳоло дар Русия бисёр ҷойҳои кори холӣ маҷуданд ва корфармоён дар баъзе навоҳӣ аз норасоии кадрҳо мегӯянд.
https://sputnik.tj/20220331/sokhtmoni-rusiya-be-muhojironi-kori-pesh-meravad-1047234013.html
https://sputnik.tj/20220331/muhojiron-raftan-shahrvandon-khoriji-rusiya-1047216433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102989/13/1029891396_211:0:2878:2000_1920x0_80_0_0_9c2b0c4f27f44b67bd5272eceedc9b84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия муҳоҷирон иҷоза иқомат
русия муҳоҷирон иҷоза иқомат
Дар Русия қасд доранд ба муҳоҷирон иҷозаи иқомати доимӣ диҳанд: кӣ метавонад дархост кунад
14:45 01.04.2022 (Навсозишуда: 16:18 01.04.2022) Баъзе категорияҳои хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, метавонанд иҷозатномаи иқомати бемуҳлат гиранд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Мақомоти Русия масъалаи додани иҷозаи иқомат ба тоифаҳои муайяни шаҳрвандони хориҷиро баррасӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, кадрҳои баландихтисос, ки аз хориҷи кишвар барои кор ба Русия омадаанд, метавонанд барои гирифтани чунин иҷозатномаи иқомат муроҷиат кунанд.
Лоиҳаи қонуни дахлдори Вазорати рушди иқтисод дар ин хусус аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Русия дастгирӣ ёфт.
Тавре аз матни санад бармеояд, агар мутахассиси хориҷӣ дар Русия на камтар аз 2 сол кор карда, андоз супорад ва иҷозаи иқомат дошта бошад, ба чунин корманд бояд иҷозаи иқомати бемуҳлат дода шавад.
Андозаи музди кори чунин мутахассис низ пешбинӣ шудааст, он дар як семоҳа на камтар аз 750 ҳазор рубл бошад.
Ҳадаф аз ин навовариҳо имкони нигоҳ дошатни мутахассисон дар Русия гуфта мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар баъзе минтақаҳои Русия хуруҷи муҳоҷирони корӣ ба мушоҳида мерасад. Коршиносон қайд мекунанд, ки то ҳол ҷамъӣ тарки кор кардани коргарони хориҷӣ аз сохтмонҳо Русия мушоҳида нашудааст, аммо тамоюли ин раванд ба назар мерасад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия рафтанӣ нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд, бинобар ин шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.
Раиси Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов низ ба ҳамин назар аст.
Федерасия сабаби ихтисори оммавии хориҷиёнро аз кор намебинад. Ҳоло дар Русия бисёр ҷойҳои кори холӣ маҷуданд ва корфармоён дар баъзе навоҳӣ аз норасоии кадрҳо мегӯянд.