https://sputnik.tj/20220331/sokhtmoni-rusiya-be-muhojironi-kori-pesh-meravad-1047234013.html
Сохтмони Русия бе муҳоҷирони корӣ пеш меравад?
Сохтмони Русия бе муҳоҷирони корӣ пеш меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони сохтмон эҳтимоли хуруҷи муҳоҷирон аз Русияро арзёбӣ кардаанд
2022-03-31T18:00+0500
2022-03-31T18:00+0500
2022-03-31T19:24+0500
дар русия
муҳоҷират
ҷои кор
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b693c9894ad1b118681ebc9a05c57a99.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Приморе тамоюли хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шудааст. Дар ин бора директори "Иттиҳодияи бинокорони Приморе" Сергей Федоренко дар мусоҳиба бо "Российская газета" хабар додааст. Вай гуфтааст, Приморе аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ дар байни минтақаҳои Ҳавзаи федеролии Шарқи Дур пешсаф аст. Ҳамин тариқ дар аввали сол, тибқи иттилои расмӣ, дар ин минтақа беш аз 40 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳузур доштанд. Федоренко гуфт, ки ҳоло бисёре аз онҳо ба ватанҳояшон мераванд.Ба андешаи ӯ, онҳое, ки махсус барои дарёфти пул ба Федератсияи Русия омадаанд, эҳтимол ин кишварро тарк кунанд. "Онҳо корро бо даромади хеле кам оғоз карданд, дар интиқоли маблағ мушкилот доштанд. Онҳое, ки зану фарзандони худро ба ин ҷо оварда, дар Русия муқим гаштанд ва пулро дар ин ҷо харҷ мекунанд, эҳтимол ба ҷое нараванд", - мегӯяд Федоренко. Дар ҳамин ҳол Сергей Пушкарев, раиси Созмони ҷамъиятии вилояти Приморскийи "Муҳоҷират" як ҳолати мусбатро дар коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ медонад. Ба бовари ӯ, он вақт ин маблағҳоро метавон дар иқтисоди Русия сармоягузорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия рафтанӣ нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд, дар робита ба ин шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.Раиси Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов низ ба ҳамин назар аст. Федератсия аз кор ба таври оммавӣ рафтани хориҷиёнро намебинад. Ҳоло дар Русия бисёр ҷойҳои холӣ мавҷуданд ва корфармоён дар баъзе навоҳӣ аз норасоии коргарон мегӯянд.Бо фарорасии фасли тобистон як қисми муҳоҷирон ба кишоварзӣ ва сохтмони коттеҷҳои тобистона мераванд, хулоса кард мутахассис.
https://sputnik.tj/20220329/korshinos-muhojiron-tojik-rusiya-1047171899.html
https://sputnik.tj/20220331/muhojiron-raftan-shahrvandon-khoriji-rusiya-1047216433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b89228a5ca280c2a4e35498c99ec68c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон русия муҳоҷирон кор
сохтмон русия муҳоҷирон кор
Сохтмони Русия бе муҳоҷирони корӣ пеш меравад?
18:00 31.03.2022 (Навсозишуда: 19:24 31.03.2022) Коршиносони бахши сохтмон эҳтимоли хуруҷи муҳоҷирон аз Русияро арзёбӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Приморе тамоюли хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шудааст.
Дар ин бора директори "Иттиҳодияи бинокорони Приморе" Сергей Федоренко дар мусоҳиба бо "Российская газета" хабар додааст.
Вай гуфтааст, Приморе аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ дар байни минтақаҳои Ҳавзаи федеролии Шарқи Дур пешсаф аст.
Ҳамин тариқ дар аввали сол, тибқи иттилои расмӣ, дар ин минтақа беш аз 40 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳузур доштанд.
Федоренко гуфт, ки ҳоло бисёре аз онҳо ба ватанҳояшон мераванд.
"Ҳоло муҳоҷирати оммавии коргарони хориҷӣ аз сохтмонҳои соҳилӣ мушоҳида нашудааст, аммо тамоюли он мушаххас шудааст. Ширкатҳо мегӯянд, ки ҳудуди 5 дарсади бинокорон аз кишварҳои ИДМ онҳоро тарк кардаанд", - гуфт раиси иттиҳодия.
Ба андешаи ӯ, онҳое, ки махсус барои дарёфти пул ба Федератсияи Русия омадаанд, эҳтимол ин кишварро тарк кунанд.
"Онҳо корро бо даромади хеле кам оғоз карданд, дар интиқоли маблағ мушкилот доштанд. Онҳое, ки зану фарзандони худро ба ин ҷо оварда, дар Русия муқим гаштанд ва пулро дар ин ҷо харҷ мекунанд, эҳтимол ба ҷое нараванд", - мегӯяд Федоренко.
Дар ҳамин ҳол Сергей Пушкарев, раиси Созмони ҷамъиятии вилояти Приморскийи "Муҳоҷират" як ҳолати мусбатро дар коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ медонад.
Ба бовари ӯ, он вақт ин маблағҳоро метавон дар иқтисоди Русия сармоягузорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия рафтанӣ нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд, дар робита ба ин шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.
Раиси Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов низ ба ҳамин назар аст. Федератсия аз кор ба таври оммавӣ рафтани хориҷиёнро намебинад.
Ҳоло дар Русия бисёр ҷойҳои холӣ мавҷуданд ва корфармоён дар баъзе навоҳӣ аз норасоии коргарон мегӯянд.
Бо фарорасии фасли тобистон як қисми муҳоҷирон ба кишоварзӣ ва сохтмони коттеҷҳои тобистона мераванд, хулоса кард мутахассис.