https://sputnik.tj/20220401/haftai-kitobi-kudakon-navrasoni-tojikiston-1047259148.html
Дар Душанбе фестивали "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" баргузор мешавад
Дар Душанбе фестивали "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон бо шукуҳ таҷлил мешавад ва ба муносибати ин ҷашн дар пойтахт Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад
2022-04-01T12:20+0500
2022-04-01T12:20+0500
2022-04-01T15:15+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
китоб
кӯдак
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/17/1029761702_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_25e1401b311451d839011b073dd011fb.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба мудири Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода.Иттилоъ дода шудааст, ки фестивали мазкур то санаи 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намоиши китоб таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон баргузор гардида, суратдалел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешаванд.Барои муайян намудани ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин гардидаанд.Дар рӯзи охири фестивали мазкур созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли он, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо туҳфаҳо, инчунин ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда мешаванд.Ёдовар мешавем, ки дар саросари ҷаҳон ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20220401/javoni-tojik-behtarin-donishjuyi-idm-1047254158.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/17/1029761702_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_ce6d37c866328d15b4d098409623e654.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯдакон, фестивал, ҳафтаи китоб, душанбе
тоҷикистон, кӯдакон, фестивал, ҳафтаи китоб, душанбе
Дар Душанбе фестивали "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" баргузор мешавад
12:20 01.04.2022 (Навсозишуда: 15:15 01.04.2022) Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон бо шукуҳ таҷлил мешавад ва ба муносибати ин ҷашн дар пойтахт Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба мудири Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода.
Иттилоъ дода шудааст, ки фестивали мазкур то санаи 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намоиши китоб таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон баргузор гардида, суратдалел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешаванд.
Барои муайян намудани ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин гардидаанд.
Дар рӯзи охири фестивали мазкур созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли он, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо туҳфаҳо, инчунин ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар саросари ҷаҳон ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад.